Теъдоди қурбониёни заминларзаи Тибет ба 53 нафар расид

© AP / Andy WongЗемлетрясение в Китае
Землетрясение в Китае  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2025
Обуна шудан
Мақомоти ин кишвар мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд шумораи фавтидагону захмбардоштаҳо аз ин ҳам бештар шавад. Ҳоло корҳои ҷустуҷӯиву наҷот идома доранд
ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар Тибети Чин ба 53 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Синхуа.
Ба иттилои манбаъ, бар асари заминҷунбӣ ҳамчунин 62 нафар осеб диданд.
Ба таъкиди мақомдорони Чин, теъдоди фавтидагону захмбардоштаҳо метавонад афзоиш ёбад, чун феълан корҳои ҷустуҷӯиву наҷот идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи барвақти 7 январ Непалро заминҷунбии қавӣ такон дод. Шиддати ларзиши замин 6,8 балл арзёбӣ шуд. Офати табиӣ дар ҳудуди ноҳияи Тингри префектураи Шигатсеи вилояти мухтори Тибет рух додааст.
Работа сейсмографа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2024
Заминларза марзи Тоҷикистону Қирғизистонро такон дод
Зимнан, пас аз ин заминларзаи қавӣ, Непалро боз 49 пасларза такон дод, ки дар пай хисороти зиёд ба бор овард.
Дар ҳамин ҳол, Си Ҷинпин амр дод, ки барои наҷоти мардум пас аз заминларза талошҳои ҳамаҷониба анҷом дода шавад.
Ӯ ҳамчунин хостори пурзӯр кардани назорати заминҷунбӣ ва огоҳии бармаҳал, ҳарчи зудтар барқарор кардани инфрасохтори харобшуда, фароҳам овардани шароити оддии зиндагии мардум ва таъмини зимистони гарму бехатари онҳо гардид.
Лентаи хабарҳо
0