https://sputnik.tj/20250106/korshinos-terrorizm-tojikiston-kishvarho-idm-dushman-mushtarak-ast-1065767471.html
Коршинос: Терроризм барои Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ИДМ душмани муштарак аст
Коршинос: Терроризм барои Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ИДМ душмани муштарак аст
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос ёдовар шуд, фоҷиае ки рӯзи 22 марти соли гузашта дар "Крокус" рух дод ва муҷиби фавти 140 нафар гардид, зодагони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд 06.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-06T10:32+0500
2025-01-06T10:32+0500
2025-01-06T10:32+0500
дар тоҷикистон
идм
терроризм
андеша
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/59/1028185961_0:205:3072:1933_1920x0_80_0_0_5a3764f476bc45ba058577955a58e417.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Терроризм як душмани муштараки кишварҳои ИДМ аст ва Тоҷикистон аз ин ҷониб шояд ба чолишҳои ҷиддитар дучор шудааст. Дар ин бора Никита Мендкович, раиси Клуби таҳлилии Авруосиё дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт. Вай фоҷиаеро ёдовар шуд, ки 22 марти соли гузашта дар "Крокус" рух дод ва боиси кушта шудани 140 нафар гардид. Омилони ин ҷинояти даҳшатбор асосан аз Тоҷикистон буданд.Ба гуфтаи Мендкович, созмондиҳандагони ҳамла дар "Крокус" зери таъсири ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ қарор доштанд, ки гурӯҳҳои террористии радикалиро дастгирӣ мекунанд. Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт. Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуданд. Онҳо аз масофаи дур одамонро парронданд, сипас курсиҳои толорро оташ заданд ва бомбҳои оташзананда партоб карданд, ки ин боиси оташсӯзии бузург ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" беш аз 140 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон будаанд. Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон будаанд. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ омилон ба самти Украина ҳаракат карданд, ки дар он ҷо барои онҳо “тиреза” омода карда шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиён набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбанд.
https://sputnik.tj/20250102/turkiya-sharikon-ijrokunandaho-hamla-terroristi-kroku-zindon-khost-1065750830.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102818/59/1028185961_17:0:2748:2048_1920x0_80_0_0_d691dfc3ce28ae7762500ed95b24ec18.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, идм, терроризм, андеша
дар тоҷикистон, идм, терроризм, андеша
Коршинос: Терроризм барои Тоҷикистон ва тамоми кишварҳои ИДМ душмани муштарак аст
Коршинос ёдовар шуд, фоҷиае ки рӯзи 22 марти соли гузашта дар "Крокус" рух дод ва муҷиби фавти 140 нафар гардид, зодагони Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Терроризм як душмани муштараки кишварҳои ИДМ аст ва Тоҷикистон аз ин ҷониб шояд ба чолишҳои ҷиддитар дучор шудааст.
Дар ин бора Никита Мендкович, раиси Клуби таҳлилии Авруосиё дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
Вай фоҷиаеро ёдовар шуд, ки 22 марти соли гузашта дар "Крокус" рух дод ва боиси кушта шудани 140 нафар гардид. Омилони ин ҷинояти даҳшатбор асосан аз Тоҷикистон буданд.
Ба гуфтаи Мендкович, созмондиҳандагони ҳамла дар "Крокус" зери таъсири ниҳодҳои истихборотии ғарбӣ қарор доштанд, ки гурӯҳҳои террористии радикалиро дастгирӣ мекунанд.
"Аз ин рӯ, нақши мушкилоти тоҷикон дар қазияи "Крокус" хеле кам аст. Мо як душмани муштарак дорем, ки ба истиқлоли Русия ва Тоҷикистон баробар таҷовуз мекунад", - таъкид кард ӯ.
Рӯзи 22 март дар толори консертии "Крокус" воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ сурат гирифт. Чанд нафар дар тан камуфляж ва бе ниқоб вориди бинои марказ шуданд.
Онҳо аз масофаи дур одамонро парронданд, сипас курсиҳои толорро оташ заданд ва бомбҳои оташзананда партоб карданд, ки ин боиси оташсӯзии бузург ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти ахири Кумитаи тафтишоти Русия, бар асари ҳамлаи террористӣ дар "Крокус" беш аз 140 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон будаанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд. Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон будаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ омилон ба самти Украина ҳаракат карданд, ки дар он ҷо барои онҳо “тиреза” омода карда шудааст. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ кадоме аз иштирокчиён набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбанд.