https://sputnik.tj/20250105/isroil-yak-shabonaruz-80-sokin-ghazza-kusht-1065766726.html
Исроил дар як шабонарӯз беш аз 80 сокини Ғаззаро кушт
Исроил дар як шабонарӯз беш аз 80 сокини Ғаззаро кушт
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, аз ҳамлаи Исроил дар як шабонарӯз 88 нафар кушта ва беш аз 200 тан ҷароҳат бардошт 05.01.2025, Sputnik Тоҷикистон
2025-01-05T15:54+0500
2025-01-05T15:54+0500
2025-01-05T15:54+0500
дар ҷаҳон
исроил
ғазза
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0e/1065123603_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_0e00312dd67d4c547c0211861166ec47.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза тайи 24 соати гузашта дастикам 88 нафар кушта ва 208 нафар захмӣ шудаанд.Дар ин бора Вазорати тандурстии навори Ғазза иттилоъ дод.Ба гуфтаи ин вазорат, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз оғози даргириҳо ба 45,8 ҳазор нафар расида, беш аз 109 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.7 октябри соли 2023 Исроил аз сӯи навори Ғазза мавриди ҳамлаи мшакӣ қарор гирифт. Пас аз ин ҷангҷӯёни ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ ба манотиқи марзӣ ворид шуда, ба сӯи низомиён ва ғайринизомиён оташ кушоданд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд. Ба гуфтаи мақомот, тақрибан 1200 нафар аз ҷониби Исроил кушта шудаанд. Нерӯҳои дифои Исроил дар посух ба амалиёти "Шамшерҳои оҳанин", ки ҳамла ба ҳадафҳои ғайринизомиро дар бар мегирифт, оғоз карданд ва муҳосираи комили навори Ғаззаро эълон карда, интиқоли об, нерӯи барқ, сӯзишворӣ, ғизо ва доруро қатъ карданд. Вазорати хориҷаи Русия аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки амалиёти ҷангиро қатъ кунанд. Ба эътиқоди Маскав, созиш танҳо бар асоси формулаи тасвибкардаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо таъсиси давлати Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ имконпазир аст.
https://sputnik.tj/20240924/natijai-hamlai-shadidi-mushakii-lubnon-ba-isroil--aks-1064466112.html
исроил
ғазза
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0e/1065123603_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_98f605fd67fcbf1a57e6bfefe63313cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар ҷаҳон, исроил, ғазза, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар ҷаҳон, исроил, ғазза, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Исроил дар як шабонарӯз беш аз 80 сокини Ғаззаро кушт
Вазорати беҳдошти Ғазза мегӯяд, аз ҳамлаи Исроил дар як шабонарӯз 88 нафар кушта ва беш аз 200 тан ҷароҳат бардошт
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза тайи 24 соати гузашта дастикам 88 нафар кушта ва 208 нафар захмӣ шудаанд.
Дар ин бора Вазорати тандурстии навори Ғазза иттилоъ дод.
"Дар давоми 24 соати гузашта артиши Исроил дар навори Ғазза панҷ куштори оммавии хонаводаҳоро анҷом додаанд, ки дар натиҷа 88 кушта ва 208 нафар маҷрӯҳ шуда, ба бемористонҳо интиқол ёфтанд", - афзд манбаъ.
Ба гуфтаи ин вазорат, шумори қурбониёни ҳамлаҳои Исроил ба навори Ғазза аз оғози даргириҳо ба 45,8 ҳазор нафар расида, беш аз 109 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.
7 октябри соли 2023 Исроил аз сӯи навори Ғазза мавриди ҳамлаи мшакӣ қарор гирифт. Пас аз ин ҷангҷӯёни ҷунбиши Ҳамос фаластинӣ ба манотиқи марзӣ ворид шуда, ба сӯи низомиён ва ғайринизомиён оташ кушоданд ва беш аз 200 нафарро гаравгон гирифтанд.
Ба гуфтаи мақомот, тақрибан 1200 нафар аз ҷониби Исроил кушта шудаанд. Нерӯҳои дифои Исроил дар посух ба амалиёти "Шамшерҳои оҳанин", ки ҳамла ба ҳадафҳои ғайринизомиро дар бар мегирифт, оғоз карданд ва муҳосираи комили навори Ғаззаро эълон карда, интиқоли об, нерӯи барқ, сӯзишворӣ, ғизо ва доруро қатъ карданд.
Вазорати хориҷаи Русия аз ҷонибҳо даъват кардааст, ки амалиёти ҷангиро қатъ кунанд.
Ба эътиқоди Маскав, созиш танҳо бар асоси формулаи тасвибкардаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал бо таъсиси давлати Фаластин дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ имконпазир аст.