Марде дар Душанбе дар рӯзи таҷлили Соли нав қасди худкушӣ кардааст

© Sputnik / Стас ЭтвешАвтомобиль полиции, архивное фото
Автомобиль полиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2025
Обуна шудан
Кмитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, мард сархуш буд ва ба иллати мушкили хонаводаӣ хост худкушӣ кунад
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар Душанбе дар рӯзи таҷлили Соли нав аз як ҳодисаи суиқасд ба ҷон пешгирӣ карда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сокини 38-солаи пойтахт дар ҳолати мастӣ таҳдиди худкшӣ намуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки "соати 15:21 дақиқаи рӯзи 1 январ ба шӯъбаи навбатии КҲФ аз шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ занг зада аз ин ҳодиса хабар доданд ва дархост шуд, ки кумаки наҷотдиҳандагон лозим аст.
Подростки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2023
Дар Суғд аз ҳолатҳои зиёди худкушӣ бонги изтироб мезананд
Зимнан, ба ҷои ҳодиса як гурӯҳ наҷотбахшон ҳамроҳ бо равоншинос сафарбар шуд.
"Ин мард 38 - сола буда, дар ҳолати мастӣ дар канори балкон истода, касеро ба худ наздик нагузошт ва таҳдиди худкушӣ кард", - омадааст дар хабари КҲФ.
Дар ин росто, равоншиносу кормандони милитсия бо ӯ ба музокира шурӯъ карданд ва онҳо даст ёфтанд, ки мардро аз қасдаш гардонанд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҷавон ба далели нооромиҳои хонаводагӣ ба чунин иқдоми ноумедона даст задаст.
Лентаи хабарҳо
0