Эҳёи ҳамкориҳои илмии Эрону Тоҷикистон бо тамаркуз бар биотехнология

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонИран Таджикистан флаг
Иран Таджикистан флаг - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.01.2025
Обуна шудан
Раиси пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ахиран гуфт, дар донишгоҳҳои Тоҷикистон заминаҳои ҳамкории муштарак дар заминаи биотехнолгияро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Раёсати пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ба Тоҷикистон барои эҳёии ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ ба Душанбе омаданд ва ба роҳбарияти донишгоҳҳои бонуфузи Тоҷикистон дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Меҳр”.
Доктори Ҷаводи Маҳмадӣ, раиси пажуҳишгоҳи генетикии Эрон ба ҳамроҳи доктори Камолиддин Ҳақбайн раиси маркази ҳамкориҳои байналмилалии ин пажуҳишгоҳ барои эҳёии ҳамкориҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ дар заминаи биотехнология аз донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишгоҳи улуми пизишкии Ибни Сино, донишгоҳи кишоварзӣ ва академияи улуми Тоҷикистон ва ҳамчунин аз озмоишгоҳҳо ва бемористонҳои донишгоҳҳои мазкур боздид кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки бо мақомоти вазорати беҳдошти Тоҷикистон низ дидор ва гуфтугӯ карданд.
“Ин боздид ба дунболи даврае аз табодулоти илмии маҳдуди байни ду кишвар аз замони тавофуқоти аввалия дар даҳаи 1990 анҷом мешавад ва ҳадафи он тақвияти пайвандҳои илмӣ дар давлати феълии Эрон аст”, - гуфт вай.
Олимони эронӣ, дар ин боздид, ҳар ду тарафи заминаҳои ҳамкории муштарак дар замининаи биотехнологияро баррасӣ карданд ва барномаҳои амалиётиро барои эҳёии ёддоштҳои тафоҳуми қаблии барномарезӣ карданд.
На выставке в Тегеране были представлены самые дорогие пряности мира - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.11.2024
Эрон гуфт, дар тиҷорат бо Тоҷикистон чӣ монеъ шудааст
Маҳмадӣ идома дод, ки дар ин росто, барномарезии ин муассисаи таҳқиқотӣ дар ҳол анҷомёбист то битавонем дар заминаҳои ғарболгарии синдроми даун, дистрофия ва ғайра ва ҳамчунин фанноварии тавлиди дору ва кятҳои ташхисӣ мушорикат дошта бошем.
Раиси пажуҳишгоҳи генетикӣ изҳор дошт, ки Эрон қасд дорад дар пружаҳои кишоварзии молекулӣ ва зист муҳитӣ, монанди ғарболгарии бактерияҳои гармодӯст дар чашмаҳои оби гарм ширкат кунем ва дар талош ҳастем то барномаҳои муштараке дар заминаи генетикии молекулӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ эҷод карда ва табодули таҷрибаи ду донишҷӯёни таҳсилоти такмилиро дар барномаҳои мухталиф барои тақвияти равобити созандау мудовим тасҳил кунем.
Маҳмадӣ гуфт, ин сафари муҳим дар ростои густариши дипломасии илмии миёни Эрону Тоҷикистон дар заминаҳои битехнология аст.
Лентаи хабарҳо
0