https://sputnik.tj/20250102/azim-ibrohim-soli-guzashta-naqliyot-tojikiston-dastovard-1065746765.html
Азим Иброҳим гуфт, дар соли гузашта дар бахши нақлиёт Тоҷикистон чӣ дастовардҳо дошт
Азим Иброҳим гуфт, дар соли гузашта дар бахши нақлиёт Тоҷикистон чӣ дастовардҳо дошт
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон соли 2024 - ро роҳдорону нақлиётчиёни кишвар бо комёбиҳои назаррас сипарӣ карданд
2025-01-02T11:41+0500
2025-01-02T11:41+0500
2025-01-02T11:41+0500
дар тоҷикистон
вазорати нақлиёт
нақлиёт
дастовард
азим иброҳим
вазорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065189698_0:46:2940:1699_1920x0_80_0_0_a66cc9da1d6c197c8b97b2cd550c4bf7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар дар паёми солинавиаш қайд кардааст, ки дастоварди бузургтарин дар соли 2024 ин оғоз бахшидан ба фаъолияти КВД "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт", Маркази байналмилаии минтақавии дипломатияи нақлиётӣ" ва озмоишгоҳи КВД "Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ", будааст.Вай инчунин ба истифода додани роҳи мошингарди "Бохтар – Левакант – Данғара" ва оғоз бахшидан ба бунёди роҳои мошингарди "Данғара – Гулистон" ва "Гулистон – Фархор"-ро низ яке аз дастовардҳо дар соли гузашта донист.Ҳамчунин вазир қайд кард, ки зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ ва шумораи мусофирбарӣ нисбат ба соли гузашта, афзоиши ҳиссаи Вазорати нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварамон, баргузории конфронсу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ низ аз зумраи дастовардҳои сол мебошанд.Вазир изҳори умедворӣ кард, ки дар соли нав вазорат дар татбиқи барномаву ташаббусҳои Ҳукумати кишвар фаъолона иштирок хоҳад кард.Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ, гуфт , ки соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.Ба гуфтаи вай, роҳҳои мошингарди "Роғун – Обигарм – Нуробод" ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии76 километр ва "Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара" – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.Вай афзуд, соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди "Данғара – Гулистон" – 50 километр ва "Гулистон – Фархор" ба дарозии 33 километр оғоз гардид.Ҳамчунин соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.
https://sputnik.tj/20241022/dushanbe-band-moshin-vazorat-naqliyot-1064806785.html
https://sputnik.tj/20241016/tojikiston-chin-iqtidor-yak-kamarband-yak-roh-mushtarak-rushd-1064735729.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/13/1065189698_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_f3f1689800a9d35ffd5aa1b1d78e90d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, дастовардҳо, азим иброҳим, нақлиёт, вазир
тоҷикистон, дастовардҳо, азим иброҳим, нақлиёт, вазир
Азим Иброҳим гуфт, дар соли гузашта дар бахши нақлиёт Тоҷикистон чӣ дастовардҳо дошт
Ба гуфтаи вазири нақлиёти Тоҷикистон соли 2024 - ро роҳдорону нақлиётчиёни кишвар бо комёбиҳои назаррас сипарӣ карданд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Азим Иброҳим вазири нақлиёти кишвар дар паёми солинавиаш қайд кардааст, ки дастоварди бузургтарин дар соли 2024 ин оғоз бахшидан ба фаъолияти КВД "Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт", Маркази байналмилаии минтақавии дипломатияи нақлиётӣ" ва озмоишгоҳи КВД "Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ", будааст.
Вай инчунин ба истифода додани роҳи мошингарди "Бохтар – Левакант – Данғара" ва оғоз бахшидан ба бунёди роҳои мошингарди "Данғара – Гулистон" ва "Гулистон – Фархор"-ро низ яке аз дастовардҳо дар соли гузашта донист.
Ҳамчунин вазир қайд кард, ки зиёд гардидани ҳаҷми боркашонӣ ва шумораи мусофирбарӣ нисбат ба соли гузашта, афзоиши ҳиссаи Вазорати нақлиёт дар Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишварамон, баргузории конфронсу мулоқотҳои сатҳи байналмилалӣ низ аз зумраи дастовардҳои сол мебошанд.
Вазир изҳори умедворӣ кард, ки дар соли нав вазорат дар татбиқи барномаву ташаббусҳои Ҳукумати кишвар фаъолона иштирок хоҳад кард.
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ, гуфт , ки соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Ба гуфтаи вай, роҳҳои мошингарди "Роғун – Обигарм – Нуробод" ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ ба дарозии76 километр ва "Бохтар – Левакант – Лолазор – Данғара" – 69 километр ба маблағи 800 миллион сомонӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда шуданд.
Вай афзуд, соли 2024-ум таҷдиду азнавсозии роҳҳои мошингарди "Данғара – Гулистон" – 50 километр ва "Гулистон – Фархор" ба дарозии 33 километр оғоз гардид.
Ҳамчунин соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 52 километр роҳҳои мошингарди аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалидошта ва дар мавзеи Барсеми Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 4,5 километр роҳ, 550 метр долонҳои зидди тарма, пул бо дарозии 82 метр аз болои дарёи Шорф ва пул аз болои дарёи Ғунд бо дарозии 200 метр ба анҷом расонида мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст.