https://sputnik.tj/20250101/oyanda-fikr-dorem-putin-tabrikoti-solinaviash-video-1065741443.html
Ҳоло дар бораи оянда фикр дорем: Путин дар табрикоти солинавиаш чиро қайд кард? - видео
Ҳоло дар бораи оянда фикр дорем: Путин дар табрикоти солинавиаш чиро қайд кард? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин чун анъана шаб наздик ба фарорасии соли нави милоди мардуми Русияро табрик кард
2025-01-01T14:12+0500
2025-01-01T14:12+0500
2025-01-01T16:31+0500
видео
владимир путин
табрикоти солинавӣ
русия
мардум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1f/1065739791_0:110:3072:1838_1920x0_80_0_0_004be41cabb260b3d7f861a7ecd26aa6.jpg
Президенти Русия Владимир Путин мардуми Русияро дар паёми солинавӣ табрик кард.Роҳбари Русия дар паёмаш қайд кард, ки Русия тавонист ба мушкилтарин чолишҳои соли гузашта посух диҳад.Ба гуфтаи вай, дар оянда ҳалли масоили мухталиф дар пеш аст, вале аз он чизе, ки аллакай анҷом дода шудааст, ба таври метавон фахр кард."Ҳоло, дар остонаи соли нав, мо боварӣ дорем, ки ҳама чиз хуб мешавад", - гуфт раисҷумҳури Русия.Оқои Путин ҳамчунин ба низомиён муроҷиат карда, қайд кард, ки андеша ва умеди хешовандон ва дӯстони онҳо ва фикри миллионҳо нафар дар саросари кишвар ҳоло бо онҳост.Муваффақиятҳои асосии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика номбар шудаандВай онҳоро қаҳрамонони мардумӣ номид, ки Русия бо мардонагӣ ва далерии онҳо фахр мекунад.Кишвардори Русия илова кард, ки соли оянда 80умин солгарди Ғалаба таҷлил мешавад. Вай афзуд, ки соли 2025 дар Русия Соли муҳофизони Ватан эълон шудааст.Путин қайд кард, ки кишвар дар семоҳаи аввали асри 21 ба шарофати ваҳдати мардум бисёр рӯйдодҳои густурдаро сипарӣ кард.Кишвар дар назди худ мақсадҳои калон гузошта, ба онҳо ноил гардид.Январи соли 2025 дар Русия 14 рӯзи истироҳатӣ хоҳад доштБа гуфтаи президент, ба хотире, ки мардуми Русия муттаҳид буд, чандин бор мушкилотҳои гуногунро паси сар кардаанд.“Ин аст, ки ягонагии мо, боварии мо ба худ, ба кувваю имкониятхои худ мустахкам гардид”, илова кард оқои Путин.Вай ба ҳар як хонадони Русия, ба ҳар як оилаи Русия оромӣ ва шукуфоӣ таманно кард.
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1f/1065739791_242:0:2973:2048_1920x0_80_0_0_f75c1e93fc72c503ecb8a1712873971b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, путин, табрикоти солинавӣ, раисҷумҳур, оянда, мардум, табрик, видео
русия, путин, табрикоти солинавӣ, раисҷумҳур, оянда, мардум, табрик, видео
Ҳоло дар бораи оянда фикр дорем: Путин дар табрикоти солинавиаш чиро қайд кард? - видео
14:12 01.01.2025 (Навсозишуда: 16:31 01.01.2025) Раисҷумҳури Русия Владимир Путин чун анъана шаб наздик ба фарорасии соли нави милоди мардуми Русияро табрик кард
Президенти Русия Владимир Путин мардуми Русияро дар паёми солинавӣ табрик кард.
Роҳбари Русия дар паёмаш қайд кард, ки Русия тавонист ба мушкилтарин чолишҳои соли гузашта посух диҳад.
Ба гуфтаи вай, дар оянда ҳалли масоили мухталиф дар пеш аст, вале аз он чизе, ки аллакай анҷом дода шудааст, ба таври метавон фахр кард.
"Ҳоло, дар остонаи соли нав, мо боварӣ дорем, ки ҳама чиз хуб мешавад", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Оқои Путин ҳамчунин ба низомиён муроҷиат карда, қайд кард, ки андеша ва умеди хешовандон ва дӯстони онҳо ва фикри миллионҳо нафар дар саросари кишвар ҳоло бо онҳост.
Вай онҳоро қаҳрамонони мардумӣ номид, ки Русия бо мардонагӣ ва далерии онҳо фахр мекунад.
Кишвардори Русия илова кард, ки соли оянда 80умин солгарди Ғалаба таҷлил мешавад. Вай афзуд, ки соли 2025 дар Русия Соли муҳофизони Ватан эълон шудааст.
Путин қайд кард, ки кишвар дар семоҳаи аввали асри 21 ба шарофати ваҳдати мардум бисёр рӯйдодҳои густурдаро сипарӣ кард.
Кишвар дар назди худ мақсадҳои калон гузошта, ба онҳо ноил гардид.
Ба гуфтаи президент, ба хотире, ки мардуми Русия муттаҳид буд, чандин бор мушкилотҳои гуногунро паси сар кардаанд.
“Ин аст, ки ягонагии мо, боварии мо ба худ, ба кувваю имкониятхои худ мустахкам гардид”, илова кард оқои Путин.
Вай ба ҳар як хонадони Русия, ба ҳар як оилаи Русия оромӣ ва шукуфоӣ таманно кард.