https://sputnik.tj/20241230/khadamoti-aloqa-shirkatho-mobili-jarima-1065728675.html
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро ҷарима баст
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро ҷарима баст
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷамъ се ширкати мобилӣ ва интернетрасони кишварро ҷаримаҳои вазнин бастааст
2024-12-30T15:15+0500
2024-12-30T15:15+0500
2024-12-30T15:32+0500
дар тоҷикистон
алоқа
ширкатҳои мобилӣ
ҷарима
хадамоти алоқа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054344402_0:0:3068:1727_1920x0_80_0_0_03985f0e0600513407caf840b243f6e8.jpg
Душанбе, 30 дек - Sputnik. Ин ҳол дар пайи шикоятҳои мукаррари муштариён аз сифату кайфияти алоқа ва интернет ба вуқуъ пайвастааст.Бино ба иттилое, ки аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, се ширкат – якеро ба 6, дигареро ба 5 ва сеюмиро ба 3 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.Тибқи моддаи 350 – и Кодекси мазкур, шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешаванд.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, яке аз ширкатҳо, ки ба 3 млн ҷарима шудааст, нисфи онро қабул дорад ва нисфи дигарро на.Дар ҳамин ҳол, тайи солҳои ахир ин бори нахуст аст, ки ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон аз сӯи Хадамоти алоқа, ниҳоди танзимкунандаи соҳаи алоқаи барқӣ, бо чунин ҷаримаҳо муҷозот мешаванд.Манбаъи Sputnik Тоҷикистон тафсилоти бештар аз инро ироа накард, аммо муҷозоти ширкатҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд соли ахир муштариёни алоқаву интернет мукаррар аз сатҳу сифат ва кайфияти хизматрасонии ширкатҳои алоқа шикоят мекунанд.Қаблан Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мобиливу интернеттрасон ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли беҳбуд наёфтани вазъ ниҳодаш омода аст, ширкатҳоро ҷарима бандад ё алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунад ва ҳатто онҳо аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум созад.
https://sputnik.tj/20241128/parvandai-jinoi-hushdori-khadamoti-aloqa-ba-shirkathoi-mobili-1065290913.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054344402_197:0:2928:2048_1920x0_80_0_0_042b2e9e1a112084a7eaca20ffe7e59a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хадамоти алоқа, ҷарима, ширкатҳои мобилӣ, алоқа, сифат
тоҷикистон, хадамоти алоқа, ҷарима, ширкатҳои мобилӣ, алоқа, сифат
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро ҷарима баст
15:15 30.12.2024 (Навсозишуда: 15:32 30.12.2024) Эксклюзив
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷамъ се ширкати мобилӣ ва интернетрасони кишварро ҷаримаҳои вазнин бастааст
Душанбе, 30 дек - Sputnik. Ин ҳол дар пайи шикоятҳои мукаррари муштариён аз сифату кайфияти алоқа ва интернет ба вуқуъ пайвастааст.
Бино ба иттилое, ки аз Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, се ширкат – якеро ба 6, дигареро ба 5 ва сеюмиро ба 3 миллион сомонӣ ҷарима шудаанд.
“Ин ширкатҳо тибқи моддаи 350 – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ – “риоя накардани талаботи стандарти давлатӣ, меъёр ва қоидаҳо ҳангоми истифодаи объектҳои алоқа ва хизматрасонии соҳаи алоқа” – ҷарима шудаанд”, - гуфт манбаъ.
Тибқи моддаи 350 – и Кодекси мазкур, шахсони воқеӣ ба андозаи аз се то панҷ, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешаванд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, яке аз ширкатҳо, ки ба 3 млн ҷарима шудааст, нисфи онро қабул дорад ва нисфи дигарро на.
“Он ширкат барои 1,5 миллион сомонӣ мехоҳад мавзуъро ба додгоҳ кашад”, - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тайи солҳои ахир ин бори нахуст аст, ки ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон аз сӯи Хадамоти алоқа, ниҳоди танзимкунандаи соҳаи алоқаи барқӣ, бо чунин ҷаримаҳо муҷозот мешаванд.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон тафсилоти бештар аз инро ироа накард, аммо муҷозоти ширкатҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд соли ахир муштариёни алоқаву интернет мукаррар аз сатҳу сифат ва кайфияти хизматрасонии ширкатҳои алоқа шикоят мекунанд.
Қаблан Бек Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои мобиливу интернеттрасон ҳушдор дода буд, ки дар ҳоли беҳбуд наёфтани вазъ ниҳодаш омода аст, ширкатҳоро ҷарима бандад ё алайҳи онҳо парвандаи ҷиноӣ боз кунад ва ҳатто онҳо аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум созад.