Дидори Раҳмон бо раҳбари Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗаседание Правительства Республики Таджикистан
Заседание Правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо раҳбари Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Дар шаҳри душанбе раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии Хадамоти байниидоравии иктишофи Покистон Муҳаммад Асим Маликро дидору мулоқт кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки аз ҷумла тарафҳо масоили таъмини сулҳу субот, амнияти минтақавӣ ва ҳалли дигар масоили мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Раҳбари Тоҷикистон зимни изҳори қаноатмандӣ аз раванди босамари робитаҳои сиёсии тарафҳо, сатҳи бовариву эътимод миёни ду давлатро баланд арзёбӣ намуданд.
Встреча Посла Таджикистана с Федеральным министром обороны Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Аз энергетика то вазъи Афғонистон: Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири дифои Покистон
Зикр карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъкиди ҳамёрӣ дар соҳаи амният тамосҳои доимии намояндагони сохторҳои соҳавиро ба суди ду кишвар маънидод кард.
Тарафҳо зимни мулоқот зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ҷодаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории фаромиллӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо таъкид гардид.
Лентаи хабарҳо
0