https://sputnik.tj/20241230/barqiyai-izhori-tasallii-rahmon-prezident-koreya-1065727035.html
Барқияи изҳори тасаллии Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи президент Ҷумҳурии Корея
Барқияи изҳори тасаллии Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи президент Ҷумҳурии Корея
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Иҷрокунандаи вазифаи президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
2024-12-30T11:45+0500
2024-12-30T11:45+0500
2024-12-30T12:11+0500
дар тоҷикистон
барқияи таслият
эмомалӣ раҳмон
кореяи ҷанубӣ
суқути ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659409_0:85:1669:1024_1920x0_80_0_0_d74e65909fd6d6ed8acf8150c74d5923.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Корея Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.Дар ин барқия раҳабари Тоҷикистон таъкид кардааст, ки хабари фоҷеабори садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар фурӯдгоҳи шаҳри Муани Ҷумҳурии Корея, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, ӯро сахт андӯҳгин кардааст.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш авопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқия ба раисҷумҳур ва мардуми Озарбойҷон вобаста ба суқути ҳавопаймо ва марги даҳҳо нафар изҳори ҳамдардӣ баён карда буд.Бояд гуфт, ки дар ин ҳавопаймо ду зодаи Тоҷикистон ҳузур доштанд, ки яке азонҳо фавтид ва дигар зинда монд.Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-aliev-hamdardi-bayon-kard-1065652965.html
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659409_96:0:1573:1108_1920x0_80_0_0_6fa5b81f4badd9bd0c57a7220079299c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамдардӣ, эмомалӣ раҳмон, корея, президент, барқияи тасаллӣ
тоҷикистон, ҳамдардӣ, эмомалӣ раҳмон, корея, президент, барқияи тасаллӣ
Барқияи изҳори тасаллии Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи президент Ҷумҳурии Корея
11:45 30.12.2024 (Навсозишуда: 12:11 30.12.2024) Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Иҷрокунандаи вазифаи президент, муовини Сарвазир, вазири молияи Ҷумҳурии Корея барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷрокунандаи вазифаи президенти Ҷумҳурии Корея Чҳве Сан Мок барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин барқия раҳабари Тоҷикистон таъкид кардааст, ки хабари фоҷеабори садамаи ҳавопаймои мусофирбар дар фурӯдгоҳи шаҳри Муани Ҷумҳурии Корея, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, ӯро сахт андӯҳгин кардааст.
“Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии инҷонибро иброз менамоям ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам”, - қайд кардааст раисҷумҳури кишвар.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш авопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли барқия ба раисҷумҳур ва мардуми Озарбойҷон вобаста ба суқути ҳавопаймо ва марги даҳҳо нафар изҳори ҳамдардӣ баён карда буд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҳавопаймо ду зодаи Тоҷикистон ҳузур доштанд, ки яке азонҳо фавтид ва дигар зинда монд.
Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.
Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.