https://sputnik.tj/20241229/rahmon-sarvazir-hinduston-barqiyai-hamdardi-1065721085.html
Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон барқияи ҳамдардӣ фиристод
Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон барқияи ҳамдардӣ фиристод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон бо ситоиш аз кордонии собиқ сарвазири Ҳиндустон гуфтааст, ки ӯ дар дохил ва хориҷ аз кишвараш аз эҳтироми хоса бархӯрдор буд
2024-12-29T12:46+0500
2024-12-29T12:46+0500
2024-12-29T14:31+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
ҳиндустон
нарендра модӣ
изҳори ҳамдардӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659409_0:85:1669:1024_1920x0_80_0_0_d74e65909fd6d6ed8acf8150c74d5923.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол ирсол намуд.Дар ин бора дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод.Президент гуфтааст, ки хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ сарвазири Ҳиндустон Монмоҳан Сингх боиси андуҳи мо гардид.Ба таъкиди Раҳмон, марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.Манмохан Сингҳ 26 сентябри 1932, дар Панҷоб, ки ҳоло дар ҳайати Покистон аст, ба дунё омада, арбоби давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон, сарвазири 14-уми Ҳиндустон аз ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон буд.Аз рӯи мазҳаб сикх, ӯ аввалин ғайриҳинду буд, ки сарвазирии ин кишварро аз 22 майи соли 2004 то 26 майи соли 2014 ба зима дошт.Солҳои 1982 то 1985 раиси Бонки захиравии Ҳиндустон ва аз соли 1991 то 1996 вазири молияи Ҳиндустон буд. Солҳои 2005-2006 ҳамзамон бо мақоми нахуствазир дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ва дар моҳи декабри соли 2008 ва январи соли 2009 боз вазири молия, бидуни тарки мақоми нахуствазирӣ буд.Дорандаи чанд ҷоиза дар соҳаи иқтисод, доктори илм, муаллифи корҳои илмӣ оид ба иқтисод.
https://sputnik.tj/20241225/rahmon-aliev-hamdardi-bayon-kard-1065652965.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/19/1065659409_96:0:1573:1108_1920x0_80_0_0_6fa5b81f4badd9bd0c57a7220079299c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон сарвазир ҳиндустон барқия ҳамдардӣ
раҳмон сарвазир ҳиндустон барқия ҳамдардӣ
Раҳмон ба сарвазири Ҳиндустон барқияи ҳамдардӣ фиристод
12:46 29.12.2024 (Навсозишуда: 14:31 29.12.2024) Президенти Тоҷикистон бо ситоиш аз кордонии собиқ сарвазири Ҳиндустон гуфтааст, ки ӯ дар дохил ва хориҷ аз кишвараш аз эҳтироми хоса бархӯрдор буд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол ирсол намуд.
Дар ин бора дафтари матуботи президенти Тоҷикистон хабар дод.
Президент гуфтааст, ки хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ сарвазири Ҳиндустон Монмоҳан Сингх боиси андуҳи мо гардид.
Ба таъкиди Раҳмон, марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.
"Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям", - омадааст дар паём.
Манмохан Сингҳ 26 сентябри 1932, дар Панҷоб, ки ҳоло дар ҳайати Покистон аст, ба дунё омада, арбоби давлатӣ ва сиёсии Ҳиндустон, сарвазири 14-уми Ҳиндустон аз ҳизби Конгресси миллии Ҳиндустон буд.
Аз рӯи мазҳаб сикх, ӯ аввалин ғайриҳинду буд, ки сарвазирии ин кишварро аз 22 майи соли 2004 то 26 майи соли 2014 ба зима дошт.
Солҳои 1982 то 1985 раиси Бонки захиравии Ҳиндустон ва аз соли 1991 то 1996 вазири молияи Ҳиндустон буд. Солҳои 2005-2006 ҳамзамон бо мақоми нахуствазир дар вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон ва дар моҳи декабри соли 2008 ва январи соли 2009 боз вазири молия, бидуни тарки мақоми нахуствазирӣ буд.
Дорандаи чанд ҷоиза дар соҳаи иқтисод, доктори илм, муаллифи корҳои илмӣ оид ба иқтисод.