https://sputnik.tj/20241229/khurish-olive-tojikiston-imsol-chand-pul-omoda-1065721907.html
Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон имсол бо чанд пул метавон омода кард? Тасвирбаён
Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон имсол бо чанд пул метавон омода кард? Тасвирбаён
Sputnik Тоҷикистон
Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон низ мисли Русия дӯст медоранд, аз ин рӯ кадбонуҳо бо хӯшнудӣ онро барои дастархони солинавӣ омода мекунанд
2024-12-29T19:33+0500
2024-12-29T19:33+0500
2024-12-29T19:33+0500
соли нав
дар тоҷикистон
тасвирбаён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1b/1065696754_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_32c2369fe5c598d4c0ad8334171ae867.jpg
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Соли нав хеле наздик меояд ва сохибхоназанон аллакай дар бораи рӯйхати таомҳои идона фикр мекунанд. Соли нав як ҷашни оилавӣ аст, бинобар ин бисёриҳо онро дар хона ҷашн мегиранд. Ва маъмултарин таом барои он хӯриши оливе аст. Имсол хӯриши анъанавӣ гаронтар шуд — тамоми маҳсулоти ба таом дохилшуда қимат шудааст.Дар остонаи ҷашн Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт ҳисоб кунад, ки оливе дар Тоҷикистон чанд пул арзиш дорад.Чун анъана, барои тайёр кардани хӯриш, шумо маҷмӯи муаяни маҳсулотро мегиред, ки ба рӯйхати онҳо картошка, сабзӣ, тухми мурғ, ҳасиб, майонез, пиёз, нахӯди сабз ва бодиринг дохил мешаванд. Барои ҳисоб кардани хароҷот нархҳои миёна дар бозорҳо ва мағозаҳо дар саросари кишвар интихоб карда шуданд. Сокинони Хуҷанд гуфтанд, ки аз соли 2024 чӣ диданд ва аз 2025 чӣ мехоҳанд: видеоБар асоси ҳисобҳо, қимати як косаи калони салат барои тамоми оила назар ба соли гузашта қариб 15 сомонӣ зиёд шуд.Тарзи омода кардани оливеКартошка ва сабзиро аввал шуста баъд ҷӯшонед. Тухмро алоҳида ҷӯшонед.Картошка, тухм, сабзӣ ва ҳасибро чоркунҷа реза кунед. Маҳсулотро дар табақи алоҳида бо майонез, пиёзи сабз ва мурч омехта кунед. Ғизоро каме дар ҳарорати паст нигоҳ доред.Бодиринги шӯрро чоркунҷа реза кунед. Пеш аз пешниҳоди хӯриш ба он бодиринги намакин ва нахуди сабз илова кунед. Бо табъи дил намак илова кунед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/1b/1065696754_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_818a11f989684a1c9935dab400c0a61e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хӯриш оливе тоҷикистон пул тасвирбаён
хӯриш оливе тоҷикистон пул тасвирбаён
Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон имсол бо чанд пул метавон омода кард? Тасвирбаён
Хӯриши оливеро дар Тоҷикистон низ мисли Русия дӯст медоранд, аз ин рӯ кадбонуҳо бо хӯшнудӣ онро барои дастархони солинавӣ омода мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Соли нав хеле наздик меояд ва сохибхоназанон аллакай дар бораи рӯйхати таомҳои идона фикр мекунанд.
Соли нав як ҷашни оилавӣ аст, бинобар ин бисёриҳо онро дар хона ҷашн мегиранд. Ва маъмултарин таом барои он хӯриши оливе аст. Имсол хӯриши анъанавӣ гаронтар шуд — тамоми маҳсулоти ба таом дохилшуда қимат шудааст.
Дар остонаи ҷашн Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт ҳисоб кунад, ки оливе дар Тоҷикистон чанд пул арзиш дорад.
Чун анъана, барои тайёр кардани хӯриш, шумо маҷмӯи муаяни маҳсулотро мегиред, ки ба рӯйхати онҳо картошка, сабзӣ, тухми мурғ, ҳасиб, майонез, пиёз, нахӯди сабз ва бодиринг дохил мешаванд.
Барои ҳисоб кардани хароҷот нархҳои миёна дар бозорҳо ва мағозаҳо дар саросари кишвар интихоб карда шуданд.
Бар асоси ҳисобҳо, қимати як косаи калони салат барои тамоми оила назар ба соли гузашта қариб 15 сомонӣ зиёд шуд.
Тарзи омода кардани оливе
Картошка ва сабзиро аввал шуста баъд ҷӯшонед. Тухмро алоҳида ҷӯшонед.
Картошка, тухм, сабзӣ ва ҳасибро чоркунҷа реза кунед. Маҳсулотро дар табақи алоҳида бо майонез, пиёзи сабз ва мурч омехта кунед. Ғизоро каме дар ҳарорати паст нигоҳ доред.
Бодиринги шӯрро чоркунҷа реза кунед. Пеш аз пешниҳоди хӯриш ба он бодиринги намакин ва нахуди сабз илова кунед. Бо табъи дил намак илова кунед.