Покистон имкони ташкили минтақаи озоди тиҷоратӣ бо ИИАО-ро баррасӣ дорад

© AP / Rahmat GulФлаг Пакистана над городом Исламабад
Флаг Пакистана над городом Исламабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2024
Обуна шудан
Покистон мехоҳад ба бозори Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё роҳ ёбад ва ба ҳамин хотир, иқдоми аввалаш ин таъсиси митақи озоди тиҷоратӣ бо ин Иттиҳодияи хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Покистон дар мавриди таъсиси минтақаи озоди тиҷоратӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) музокира хоҳад кард.
Дар ин бора вазири энергетикаи Покистон Авайс Легари дар мусоҳиба бо хабаргузории ТАСС хабар додааст.
Вай дар посух ба суоли марбут ба ин масъала гуфт, "Ҳоло кор дар ин самт идома дорад. Кораш хуб ҷараён дорад, аммо ба қадри кофӣ пухта нашудааст, ки мо онро ифшо кунем ва маълумот диҳем".
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш хабар дода будем, ки чунин як минтақаи озоди тиҷоратӣ ИИАО бо Эрон ва Сингапур таъсис хоҳад дод.
Ба иттилои мақомоти ИИАО ин иқдом ба фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди мол ба бозори шарикон ва ҷалби сармоя ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нигаронида шудааст.
Флаги стран-участниц ЕАЭС   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Ушаков дар нишасти ИИАО дар Санкт-Петербург ба Эрон мақоми нозир дода мешавад
Масъуд Пизишкиён дар як мусоҳибааш бо ИРНА изҳор дошта гуфт, ки дар охири моҳ мо ба ҳайси нозир дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок хоҳем кард.
Ба гуфтаи президенти Эрон истеҳсолкунандагон ва тоҷирони эронӣ метавонанд дар ин бозорҳо бо тарофаҳои мавҷуда ҳузур дошта бошанд.
“Дар охири ҳамин моҳ мо ба ҳайси нозири Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳузур хоҳем дошт, то бо 5-6 кишваре, ки дар Авруосиё қарор доранд, бо тарифҳои паст ё сифр робита дошта бошем”,- гуфт раисҷумҳур.
Соли 2018 Эрон ва ИИАО як созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бастанд, ки тибқи он ҳоло ҳудуди 862 номгӯи мол бо боҷҳои имтиёзнок содирот мешаванд. Созишнома 27 октябри соли 2019 эътибор пайдо кард.
Дар охири моҳи декабри соли 2023 дар ҷараёни нишасти сарони ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳарду ҷониб низ Созишномаи тиҷорати озодро ба имзо расонданд.
Дар оғози соли 2024 Теҳрон барои дарёфти мақоми нозирӣ ба созмон дархост кард.
Лентаи хабарҳо
0