Раҳмон ба Санкт-Петербург расид

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаОфициальный визит Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию
Официальный визит Эмомали Рахмона в Российскую Федерацию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон барои иштирок дар нишасти ғайрирасмии сарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Пулково”-и шаҳри Санкт-Петербург Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Русия пешвоз гирифтанд.
Қайд карда шудааст, ки зимни ин сафар раисҷумҳури кишвар дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Дар ин сафар раисиҷумҳури Тоҷикистонро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисиҷумҳур оид ба робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, ки президенти Тоҷикистон бо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия мулоқоти алоҳида, ки дар масоили мубрами рӯз баррасӣ мешавад, анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфта буд, ки Владамир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот масоили доғи сиёсати муҳоҷират ва ҳамчунин мавзӯъҳои асосии ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитариро баррасӣ хоҳанд кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон отправился в Санкт-Петербург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2024
Раҳмон ба Русия рафт
“Дар назар масъулаҳое чун сиёсат, савдо, иқтисод, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасии президентҳо қарор гирад", - тавзеҳ дод Ушаков.
Номбурда таъкид намуд, ки масъалаҳои мубрами соҳаи муҳоҷират низ баррасӣ мешава ва президентҳо дар ин бора аллакай ба мувофиқа расидаанд.
Илова бар ин, президентҳо ҳамчунин дар заминаи раёсати Русия дар ИДМ дар соли 2024, бо дарназардошти он, ки раёсати соли оянда дар ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад, табодули назар хоҳанд кард.
Тавре Ушаков гуфт, Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст. Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молии мутақобила нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,1% афзуда, ба 1,08 млрд доллар расид.
Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ як нишасти пеш аз соли нав аст, ки ду рӯз идома мекунад ва як шакли анъанавии иртибот миёни раҳбарони кишварҳои ҳамсоя мебошад.
Лентаи хабарҳо
0