Эълони даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон: Сомон дар садр

© SputnikСомон Махмадбеков. Архивное фото
Сомон Махмадбеков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2024
Обуна шудан
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Сомон Маҳмадбековро ҳамчун беҳтарин варзишгари сол дар кишвар донистанд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистонро дар соли 2024 муайян кард.
Бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуди олимпӣ – бокс, куштии озод, ҷудо ва самбо дохил шуданд.
Тавре раиси АЖРВТ Нарзулло Латифов ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, Сомон Маҳмадбеков дар садри овоздиҳӣ беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид.
"Ӯ, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, - афзуд раҳбари Ассотсиатсия.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки ба даҳгонаи беҳтаринҳо Темур Раҳимов (ҷудо), Давлат Болтаев (бокс), Абдулмаҷид Қудиев (куштии озод), Акмал Убайдов (бокс), Виктор Рассадин (куштии озод), Паривиз Каримов (бокс), Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҷудо), Сорбон Латипов (самбо) шомил шуданд.
Ба гуфтаи Латипов, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-уми июл то 11-уми августи имсол дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор шуд, се медали биринҷӣ гирифтанд.
Ду медалро Сомон Маҳмадбеков ва Темур Раҳимов дар риштаи ҷудо ва нишони сеюмро Давлат Болтаев дар риштаи бокс ба даст оварданд. Тоҷикистон бо касби се медали биринҷӣ дар байни кишварҳои иштироккунандаи Олимпиадаи Париж дар ҷойи 79-ум ҷойгир шуд.
"Аммо натиҷаҳои ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж нисбат ба се кишвари Осиёи Марказӣ – Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон - хеле паст аст",- таъкид кард, раҳбари АЖРВТ
Bарзишгарони узбек ба гуфтаи вай, 13 медал (8 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) гирифта, дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо ҷойгоҳи 13-ум, дар миёни кишварҳои ИДМ ва Осиёи Марказӣ мақоми аввал ва дар Осиё зинаи чаҳорумро касб карданд.
Мунтахаби Қазоқистон бо касби 7 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи 41-ум, мунтахаби Қирғизистон бо касби 6 медал (2 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи 68-ум ҷойгир шуданд.
Нуралӣ Эмомалӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2024
Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Russian judo tour шуд
Ба таъкиди Нарзулло Латифов барои омодагии хубтари варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 зарур аст, ки барномаи вижаи ҳукуматӣ таҳия ва роҳандозӣ гардида, маблағгузорӣ ба соҳа ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам аз ҷониби сарпарастон ба таври кофӣ ба роҳ монда шавад.
Дар ҷумҳурӣ бояд Маркази омодагии олимпӣ бунёд шавад, ки дорои иншооти варзишӣ, макони зист, ошхона, дармонгоҳ, биноҳои фарҳангию фароғатӣ ва ғайра бошад, хулоса кард номбурда.
Лентаи хабарҳо
0