https://sputnik.tj/20241222/eron-imkon-puli-nav-milli-paydo-1065616498.html
Дар Эрон имкон дорад, пули нави миллӣ пайдо шавад
Дар Эрон имкон дорад, пули нави миллӣ пайдо шавад
Sputnik Тоҷикистон
Лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳоти асъор, ки ҷорӣ кардани пули навро дар назар дорад, аз ҷониби раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба парлумон пешниҳод шудааст
2024-12-22T17:24+0500
2024-12-22T17:24+0500
2024-12-22T17:24+0500
эрон
иқтисод
пули миллӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065406810_0:257:2730:1793_1920x0_80_0_0_d6dc42f5df5889b1375842bdc6724883.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон тарҳи қонуни ислоҳоти пулиро ба порлумони ин ҷумҳурӣ пешниҳод кард. Лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи Масъуд Пизишкиён гузариш ба пули нави миллиро пешбинӣ мекунад. Ҳамин тавр, ба ҷои риёли эронӣ туман метавонад пули асосии кишвар гардад. Илова бар ин, яке аз ҷузъҳои ин ислоҳоти пулӣ бояд муътадил шудани пули миллӣ дар таносуби 10000:1 бошад.Мақомот шояд ба далели коҳиши рекордии қурби бозории риёли эронӣ чунин тасмим бигиранд - чанд рӯз пеш дар ҳисобҳо дар баробари доллар он ба ҳадди ақали таърихӣ - 777 ҳазор риёл барои як "амрикоӣ" поин рафт. Қурби расмии Бонки марказии Эрон аз соли 2017 бетағйир монда, 420 ҳазор риёл барои як долларро ташкил медиҳад. Чунин тафовут ба амали содиркунандагон таъсир мерасонад, ки бояд доллари аз хориҷ гирифташударо бо риёли эронӣ бо қурби Бонки марказии Ҷумҳурии Исломӣ иваз кунанд.Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳоти асъор аз ҷониби ҳукумати Эрон ҳанӯз соли 2019 дар замони раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ тасвиб шуда буд. Ин тасмим вокуниш ба заъфи пули миллии марбут ба таҳримҳои Ғарб буд, ки ба иқтисоди Эрон асар гузошт.
https://sputnik.tj/20241212/afzoishi-sodiroti-eron-tojikiston-1065487271.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/06/1065406810_0:0:2730:2048_1920x0_80_0_0_89f06da8090993ab9f7a3ec5f556ea46.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон имкон пул нав миллӣ пайдо
эрон имкон пул нав миллӣ пайдо
Дар Эрон имкон дорад, пули нави миллӣ пайдо шавад
Лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳоти асъор, ки ҷорӣ кардани пули навро дар назар дорад, аз ҷониби раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён ба парлумон пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Эрон тарҳи қонуни ислоҳоти пулиро ба порлумони ин ҷумҳурӣ пешниҳод кард.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодкардаи Масъуд Пизишкиён гузариш ба пули нави миллиро пешбинӣ мекунад.
Ҳамин тавр, ба ҷои риёли эронӣ туман метавонад пули асосии кишвар гардад.
Илова бар ин, яке аз ҷузъҳои ин ислоҳоти пулӣ бояд муътадил шудани пули миллӣ дар таносуби 10000:1 бошад.
Мақомот шояд ба далели коҳиши рекордии қурби бозории риёли эронӣ чунин тасмим бигиранд - чанд рӯз пеш дар ҳисобҳо дар баробари доллар он ба ҳадди ақали таърихӣ - 777 ҳазор риёл барои як "амрикоӣ" поин рафт.
Қурби расмии Бонки марказии Эрон аз соли 2017 бетағйир монда, 420 ҳазор риёл барои як долларро ташкил медиҳад.
Чунин тафовут ба амали содиркунандагон таъсир мерасонад, ки бояд доллари аз хориҷ гирифташударо бо риёли эронӣ бо қурби Бонки марказии Ҷумҳурии Исломӣ иваз кунанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи қонун дар бораи ислоҳоти асъор аз ҷониби ҳукумати Эрон ҳанӯз соли 2019 дар замони раёсати ҷумҳурии Ҳасани Рӯҳонӣ тасвиб шуда буд.
Ин тасмим вокуниш ба заъфи пули миллии марбут ба таҳримҳои Ғарб буд, ки ба иқтисоди Эрон асар гузошт.