https://sputnik.tj/20241221/muhlat-imzoi-sozishnoma--iiao-indoneziya-1065609619.html
Муҳлати имзои созишномаи байни ИИАО ва Индонезия эълон шуд
Муҳлати имзои созишномаи байни ИИАО ва Индонезия эълон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Айни замон ба минтақаи озоди тиҷоратии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Эрон, Ветнам, Сербия ва Сингапур шомиланд 21.12.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-12-21T17:08+0500
2024-12-21T17:08+0500
2024-12-21T17:13+0500
ииао
иқтисод
индонезия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063258607_0:108:3256:1940_1920x0_80_0_0_33e10379b6f273dd26aa32995a28fa3f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Созишнома дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ миёни Индонезия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) метавонад соли 2025 баста шавад. Дар ин бора сафири Индонезия дар Русия Хосе Антонио Морато Таварес изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, санад дар марҳилаи ниҳоии тасвиб қарор дорад."Аллакай панҷ даври музокирот баргузор шуд. Онҳо дар Русия ва Индонезия баргузор шуданд. Мо ин созишномаҳоро қариб ба итмом расондем.Ман комилан мутмаинам, ки соли оянда созишномаҳо дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ баста мешаванд. Ба гуфтаи дипломат, бастани ин созишнома равобити Русия ва Индонезияро дар арсаи тиҷорат таҳким мебахшад. Минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО дар ҳоли ҳозир Эрон, Ветнам, Сербия ва Сингапурро дар бар мегирад. Дар ин бора панҷ кишвари дигар музокира мекунанд: Ҳиндустон, АМА, Миср, Индонезия ва Муғулистон.Қаблан хабар дода шуда буд, ки Куба ба тавсеа ва диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиатдор аст. Таъкид шуд, ки барои ҷумҳурии баҳри Кариб чунин самтҳои ҳамкорӣ, монанди доруворӣ, сайёҳӣ, металлургия, нақлиёт, рушди муносибатҳои бонкӣ махсусан муҳиманд.
https://sputnik.tj/20241220/kishvarhoi-iiao-eronu-singapur-mintaqa-ozodi-tijorati-1065600118.html
индонезия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/06/12/1063258607_263:0:2994:2048_1920x0_80_0_0_cb38a42f7f859df47b2a52b4d55de8c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, иқтисод, индонезия
Муҳлати имзои созишномаи байни ИИАО ва Индонезия эълон шуд
17:08 21.12.2024 (Навсозишуда: 17:13 21.12.2024) Айни замон ба минтақаи озоди тиҷоратии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Эрон, Ветнам, Сербия ва Сингапур шомиланд
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Созишнома дар бораи таъсиси минтақаи озоди иқтисодӣ миёни Индонезия ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) метавонад соли 2025 баста шавад.
Дар ин бора сафири Индонезия дар Русия Хосе Антонио Морато Таварес изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, санад дар марҳилаи ниҳоии тасвиб қарор дорад.
"Аллакай панҷ даври музокирот баргузор шуд. Онҳо дар Русия ва Индонезия баргузор шуданд. Мо ин созишномаҳоро қариб ба итмом расондем.
Ман комилан мутмаинам, ки соли оянда созишномаҳо дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ баста мешаванд. Ба гуфтаи дипломат, бастани ин созишнома равобити Русия ва Индонезияро дар арсаи тиҷорат таҳким мебахшад.
Минтақаи озоди тиҷоратии ИИАО дар ҳоли ҳозир Эрон, Ветнам, Сербия ва Сингапурро дар бар мегирад. Дар ин бора панҷ кишвари дигар музокира мекунанд: Ҳиндустон, АМА, Миср, Индонезия ва Муғулистон.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Куба ба тавсеа ва диверсификатсияи минбаъдаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манфиатдор аст.
Таъкид шуд, ки барои ҷумҳурии баҳри Кариб чунин самтҳои ҳамкорӣ, монанди доруворӣ, сайёҳӣ, металлургия, нақлиёт, рушди муносибатҳои бонкӣ махсусан муҳиманд.