Коршинос: Нерӯҳои мусаллаҳи аз сӯи Ғарб ҳимоятшаванда, метавонанд ОМ -ро ноором созанд

© Sputnik / Владимир ПироговАмериканские военнослужащие у транспортного самолета. Архивное фото
Американские военнослужащие у транспортного самолета. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ин соддалавҳона хоҳад буд, ки фикр кунем, ҳар давлат дар ҷаҳон метавонад таъмини стратегияи худро бидуни дарназардошти матнии ҷаҳонии дар ҳоли тағйир бисозад, гуфт. Тимофей Бордачёв, директори барномавии Маҳфили Валдайи шаҳри Маскав, бо ишора ба мавқеияти геополитикӣ, яке аз авомили таъсиргузор рӯи манофеъи стратегии кишварҳои Авруосиёи Марказӣ
Аммо тазоҳури мушаххаси он дугона аст ва дар мавориди воқеӣ онҳо ҳатто ба даргирии мутақобил меоянд, бовар дорад ӯ.
“Такфириҳои Осиёи Марказӣ” ё ҷанги охирини Вашингтон барои бақо
"Мисол, ихтилоф миёни Русияву Ғарб бар сари буҳрони Украина таъсири дугона бар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва чашмандози иҷрои авлавиятҳои миллиашон дорад. Аз як сӯ, ду соли ахири танишҳо дар Аврупои Шарқӣ ба суботи авзоъи иқтисодӣ ва то ҳадде ба суботи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла вуруди сармоягузорӣ, рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо Русия, ҳамзамон ба даст овардани вазна дар форматҳои васеъи ҷаҳонӣ кӯмак кард”, - гуфт Тимофей Бордачёв.
Ба гуфтаи вай, кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк мекунанд, ки густариши бархӯрд миёни Русия ва Ғарб метавонад боиси ноором шудани вазъи минтақа шавад.
"Нерӯи пешбарандаи ин бесуботӣ метавонад нерӯҳои низомии аз ҷониби Ғарб пуштибонӣшуда ва дар якҷоягӣ бо мушкилоти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бошанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳал карда намешаванд" гуфт Бордачев.
Тавре Гузел Майтдинова, директори Маркази тадқиқоти геополитикии ДДТТ қайд кард, Осиёи Марказӣ бо таҳдидҳои марбут ба пайдоиши низоми нави ҷаҳонӣ ва тағйири таносуби нерӯҳо рӯбарӯ аст. Гузашта аз ин, ба ин чолишҳо омилҳое таъсир мерасонанд, ки барои ҳамсояҳои минтақа, аз ҷумла қудратҳои бузурге чун Русия ва Чин низ муҳиманд.
Военнослужащие во время совместных антитеррористических учений коллективных сил быстрого реагирования государств-членов ОДКБ на полигоне Халкайер в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.10.2024
Дар Тоҷикистон як маркази мубориза бо терроризм таъсис мешавад
“Тақвияти ҳамкориҳои даруниминтақавӣ дар қолаби C5+1, дар чаҳорчӯби ИДМ, СҲШ, СПАД, ИИАО ва пайванд додани онҳо бо ибтикори ҷаҳонии "Як камарбанд, як ҷода"-и Чин, ҳамкорӣ дар дохили созмонҳои ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ ангеза ҷадиде ба рушди пойдори Авруосиёи Марказӣ медиҳад. Дар айни замон, ин минтақа бо чолишҳои баромада аз таҳдидоти ғайрисуннатӣ ба рушди пойдор рӯбарӯ аст, ки мустақиман бар иҷрои стратегияҳои тавсеаи миллӣ таъсир мегузорад”, - гуфт ӯ.
Коршинос қайд кард, ки дар ҳоли ҳозир ниҳодҳои ҷаҳонишавӣ ҳанӯз зери таъсири ҷиддии Ғарб – ИМА ва кишварҳои аврупоӣ қарор доранд, ки равобити онҳо бо Маскаву Пекин ба низоъ наздик шудааст.
Лентаи хабарҳо
0