Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Герасимов: Талафоти артиши Украина қариб ба 1 миллион нафар расид

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкНачальник Генерального штаба Вооружённых Сил РФ Валерий Герасимов на расширенном заседании коллегии Министерства обороны РФ
Начальник Генерального штаба Вооружённых Сил РФ Валерий Герасимов на расширенном заседании коллегии Министерства обороны РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.12.2024
Обуна шудан
Раҳбари Ситоди кулли артиши Русия гуфт, ки талафоти бебозгашти артиши Украина дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ 365 сарбозро ташкил дода
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Валерий Герасимов, раҳбари Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфт, ки аз оғози амалиёти вижаи низомӣ 977 ҳазору 315 низомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина, аз ҷумла талафоти бебозгашт беш аз 365 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Тибқи маводи пешниҳодкардаи Валерий Герасимов дар брифинг бо атташеҳои низомии кишварҳои хориҷӣ, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ талафоти нерӯҳои Украина наздик ба 1 миллион нафар расидааст.
Вай ҳамчунин хабар дод, ки кишварҳои Ғарб аз оғози амалиёти вижа ба Украина беш аз 6400 танку зиреҳпӯш, беш аз 150 ҳавопаймову чархбол ва 40 ҳазор ҳавопаймои бесарнишин интиқол додаанд.
Тибқи маводи пешниҳодкардаи Герасимов кишварҳои ғарбӣ аз оғози амалиёти вижа ба Украина беш аз 1700 дастгоҳи падофанди ҳавоӣ, беш аз 150 ҳавопаймо додаанд. Ҳамчунин 40 чархбол, ҳазор ҳавопаймои бесарнишин, 280 мушакандози чандгона, зиёда аз 6400 ва мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, тақрибан 1800 адад тӯпи худгард доданд.
Директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Наришкин: Русия ба дастёбӣ ба аҳдофи амалиёти вижа наздик аст
Сардори Ситоди кулл қайд кард, ки нерӯҳои Русия тавонмандиҳо ва тактикаи душманро дар майдони набард медонанд.
Артиши Русия тарафҳои қавӣ ва заъфи силоҳҳои сохти ғарбиро дарк мекунанд.
"Мо медонем, ки чӣ кор кардан лозим аст ва чӣ вазифаҳоро ҳал кардан лозим аст. Барои мо фароҳам овардани шароит барои ба эътидол овардани вазъ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, инчунин рушди прогрессивӣ ва мутаносиби артиш идома медиҳем", — илова намуд Герасимов.
Лентаи хабарҳо
0