https://sputnik.tj/20241218/aliev-ehtimoli-jangi-rusiya-nato-qiyomat-khond-1065561656.html
Алиев эҳтимоли ҷанги Русия ва НАТО-ро қиёмат хонд
Алиев эҳтимоли ҷанги Русия ва НАТО-ро қиёмат хонд
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Озарбойҷан ҷанги эҳтимолии НАТО ва Русияро қиёмат донист, ки ягон кишвар аз он канор шуда наметавонад
2024-12-18T15:39+0500
2024-12-18T15:39+0500
2024-12-18T15:39+0500
русия
дар русия
илҳом алиев
озарбойҷон
нато
ҷанг
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065559298_0:173:702:568_1920x0_80_0_0_edd0e7ae89e7f996759c52d03153fbd7.jpg
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости”, ки мудири кулли гурӯҳи расонаҳои байналмилалии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев гузарондгуфт, тасаввури нақшаи ҷанг миёни Русия ва НАТО баробар ба тасаввури қиёмат аст."Тасаввур кардани чунин нақша, ки НАТО ва Русия дар як ҷанги гарм сар ба сар мешаванд, ба тасаввури қиёмати ҷаҳонӣ баробар аст" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев, мудири кулли гурӯҳи расонаии “Россия сегодня”.Ба гуфтаи раисиҷумҳури Озарбойҷон, "равшан аст, ки дар ин ҷанг ғолибон нахоҳад буд ва ҳеҷ кишваре, ки ҳатто дуртар аз минтақаи НАТО ё қаламрави Русия воқеъ аст, худро дар амн эҳсос нахоҳад кард."Русия қаблан аз фаъолияти бесобиқаи НАТО дар марзҳои ғарбии худ хабар дода буд.Кохи Кремлин гуфта буд, ки НАТО ташаббусҳоро тавсеа медиҳад ва онро "ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия" мехонад. Кремл қайд кард, ки Маскав ба касе таҳдид намекунад, аммо амалҳоеро, ки эҳтимолан ба манфиатҳои ӯ хатарноканд, нодида нахоҳад гирифт.Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба таври муфассал шарҳ дод, ки Маскав ба кишварҳои НАТО ҳамла карданӣ нест, ба ин ҳеҷ эҳтиёҷе нест.
https://sputnik.tj/20241218/aliev-niyoz-poygohhoi-turkiya-ozarboyjon-nest-1065556953.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/12/1065559298_0:158:702:685_1920x0_80_0_0_7225b4ee3cb9abe36937d63512ab1267.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, озарбойҷон, нато, ҷанг, қиёмат, илҳом алиев
русия, озарбойҷон, нато, ҷанг, қиёмат, илҳом алиев
Алиев эҳтимоли ҷанги Русия ва НАТО-ро қиёмат хонд
Раисҷумҳури Озарбойҷан ҷанги эҳтимолии НАТО ва Русияро қиёмат донист, ки ягон кишвар аз он канор шуда наметавонад
ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Раисиҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев дар мусоҳиба бо “ВГТРК” ва РИА “Новости”, ки мудири кулли гурӯҳи расонаҳои байналмилалии "Россия сегодня" Дмитрий Киселев гузарондгуфт, тасаввури нақшаи ҷанг миёни Русия ва НАТО баробар ба тасаввури қиёмат аст.
"Тасаввур кардани чунин нақша, ки НАТО ва Русия дар як ҷанги гарм сар ба сар мешаванд, ба тасаввури қиёмати ҷаҳонӣ баробар аст" гуфт ӯ дар мусоҳиба бо Дмитрий Киселев, мудири кулли гурӯҳи расонаии “Россия сегодня”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Озарбойҷон, "равшан аст, ки дар ин ҷанг ғолибон нахоҳад буд ва ҳеҷ кишваре, ки ҳатто дуртар аз минтақаи НАТО ё қаламрави Русия воқеъ аст, худро дар амн эҳсос нахоҳад кард."
Русия қаблан аз фаъолияти бесобиқаи НАТО дар марзҳои ғарбии худ хабар дода буд.
Кохи Кремлин гуфта буд, ки НАТО ташаббусҳоро тавсеа медиҳад ва онро "ҷилавгирӣ аз таҷовузи Русия" мехонад. Кремл қайд кард, ки Маскав ба касе таҳдид намекунад, аммо амалҳоеро, ки эҳтимолан ба манфиатҳои ӯ хатарноканд, нодида нахоҳад гирифт.
Президенти Русия Владимир Путин дар мусоҳиба бо рӯзноманигори амрикоӣ Такер Карлсон ба таври муфассал шарҳ дод, ки Маскав ба кишварҳои НАТО ҳамла карданӣ нест, ба ин ҳеҷ эҳтиёҷе нест.