"Барқи Тоҷик" ба шаҳрвандон: аз бебарқӣ ба мо шикоят накунед

© Sputnik Здание энергохолдинга "Барки точик"
Здание энергохолдинга Барки точик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2024
Обуна шудан
Сухангӯи ширкати "Барқи Тоҷик" бо як муроҷиатнома аз шаҳрвандон дархост намуд, ки шикоят аз бебарқӣ, пардохти маблағи барқро набояд ба суроғаи онҳо ирсол кунанд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Қурбон Аҳмадзода, сухангӯи ширкати "Барқи Тоҷик" аз шаҳрвандони Тоҷикистон даъват намуд, ки арзу шикояти худро дар робита ба пардохти маблағи барқ, хомӯш ё фаъол набудани нерӯи барқ ба суроғаи ширкат ирсол накунанд.
Ба гуфтаи ӯ, масъули ингуна мушкилу масъалаҳо "Ширкати тақсимоти барқ" аст ва сокинон бояд арзу доди худро маҳз ба суроҳаи ин ниҳод ирсол кунанд.
"Аз ҳамаи сокинон ва истифодабарандагони неруи барқ хоҳиш менамоем, ки арзу шикоятҳои худро нисбати мушкилоташон аз ҷумлаи пардохти маблағи барқ, хомӯш ва фаъол набудани нерӯи барқ низ ба ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" муроҷиат намоянд", - изҳор дошт Аҳмадзода.
Сухангӯи "Барқи Тоҷик" дар идома тавзеҳ дод, ки бо чунин дархост онҳо борҳо ба мардум муроҷиат карданд вале ҳамоно ирсоли шикоятҳо аз сӯи мардум ба суроғаи онҳо идома дорад.
Линии электропередачи  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
“Барқи тоҷик” сару садоҳо дар бораи фурӯши барқ ба Афғонистонро шарҳ дод
Манбаъ дар матни муроҷиати худ суроғаи Шабакаҳои тақсими барқ" (shtb.tj)-ро ҷо дода, шарҳ дод, ки сокинон метавонанд ба ин суроға арзу шикоят равон кунанд ва ё дар дохили ин рақами телефони боварӣ мавҷуд аст, ба он занг зананд ва аз мушкили худ гӯянд.
Ёдовар мешавад, ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боло бурдани муассирияти фаъолияти “Барқи тоҷик” се соли қабл онро ба се қисмат тақсим кард.
Яке, худи “Барқи тоҷик” истеҳсол, дигаре, дуввумӣ, “Шабакаҳои тақсимоти барқ” тақсимот ва севвумӣ, “Шабакаҳои интиқоли барқ” интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Тоҷикистонро ба дӯш гирифтанд.
Лентаи хабарҳо
0