Дар Русия нерӯҳои низомии паҳподӣ пайдо мешаванд

© Sputnik / Александр Мельников / Гузариш ба медиабонкСтрельбы из тяжелых огнеметных систем ТОС-1 и ТОС-2 на полигоне Минобороны РФ
Стрельбы из тяжелых огнеметных систем ТОС-1 и ТОС-2 на полигоне Минобороны РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Обуна шудан
Вазири дифои Русия гуфт, ки бо супориши Владимир Путин нерӯҳои низомии паҳподӣ ташкил карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазири дифои Русия Андрей Белоусов пешниҳод кард, ки тибқи дастури президент Владимир Путин, нерӯҳои низомии паҳподӣ ташкил карда шавад.
"Тибқи дастури Сарфармондеҳи олӣ пешниҳод мешавад, ки сохтори нави артиш – "Қӯшунҳои системаҳои паҳподӣ" таъсис дода шавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазири рус, ташкили онҳо метавонад дар семоҳаи сеюми соли 2025 анҷом шавад.
Ҳамзамон, вазир таъкид кард, ки нисбат ба соли 2022 интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишин ба арстиш 23 маротиба афзоиш ёфтааст.
 Министр обороны РФ Андрей Белоусов на расширенном заседании коллегии Министерства обороны РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2024
Вазири дифои Русия талафоти даҳшатноки артиши Украинаро расонаӣ кард
Дар навбати худ, раҳбари Русия дар ҳайати мушовараи вазорати дифоъ дастур дод, ки истеҳсоли системаҳои роботӣ ва системаҳои бесарнишини гуногун ва навъҳои гуногун онҳо афзоиш ёбад. Тавре ӯ қайд кард, ҳар рӯз чанд ҳазор паҳпод сохти Русия ба артиш интиқол дода мешавад.
Андрей Белоусов ҳамчунин гуфт, низомиёни Русия ҳамарӯза беш аз 3,5 ҳазор паҳпод истифода мекунанд ва ин рақам дар ҳоли афзоиш аст.
"Ҳоло нерӯҳои мо ҳамарӯза беш аз 3,5 ҳазор ҳавопаймои бесарнишин истифода мекунанд ва ин рақам пайваста афзоиш меёбад", - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0