https://sputnik.tj/20241215/artish-rusiya-manotiqiti-pushkino-vesyliy-jmd-ozod-1065523333.html
Артиши Русия манотиқи Пушкино ва Весйлий Гайро дар ҶМД озод карданд
Артиши Русия манотиқи Пушкино ва Весйлий Гайро дар ҶМД озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маҷмӯъ, артиши Украина дар ду самт ҳудуди 700 сарбоз ва техникаи зиёдашро аз даст дод, шарҳ дод вазорати дифои Русия
2024-12-15T17:39+0500
2024-12-15T17:39+0500
2024-12-15T17:39+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
амалиёти вижа
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065349633_0:166:3050:1882_1920x0_80_0_0_46ceb066484aadb6e2ea121cc2bfd546.jpg
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Давоми 24 соати охир низомиёни Русия ду маҳаллаи аҳолинишини Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе хабар дод.Ба иттилои манбаъ, Весёлий Гай дар ҶМД аз ҷониби нерӯҳои гуруҳи "Ҷанубӣ" озод карда шуданд. Дар минтақаи амалиёти гурӯҳ, ҷузъу томҳои панҷ бригадаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои Северск, Звановка, Дачное ва Курахово шикаст хӯрданд. Ду ҳуҷуми ҷавобӣ зада гардонда шуд. Дар ин самт нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як рӯз то 400 нафар низомиён, як танк, ду мошини зиреҳпӯш, шаш мошин ва се тӯпхонаро талаф доданд.Ҷанговарони гуруҳи Марказ барои озод кардани Пушкино масъул буданд. "Қувваи корӣ ва техникаи ду бригадаи механиконидашуда, нерӯҳои пиёданизом, як бригадаи баҳрӣ ва як бригадаи ҳамлавари пулиси миллии Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Дзержинск, Андреевка ва Шевченко торумор карда шуданд",- гуфта мешавад дар хабар. Ҷанговарони "Марказ" дар давоми рӯз даҳ ҳуҷуми ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро зада гардонданд.Дар тӯли 24 соат дар минтақаи амалиёти Марказ душман то 280 нафар низомиён, ду танк, ду мошини ҷангии пиёдагарди Брэдли ва як қатор техникаи дигар, аз ҷумла артиллерияро талаф дод.Вазорати дифои Русия ҳамзамон хабар дод, ки дар тӯли 24 соат нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 400 нафар низомиён, як танк, ду мошини ҷангии пиёдагардро аз даст дод ва панҷ украинӣ дар самти Курск таслим шуданд.
https://sputnik.tj/20241214/putin-talosh-dakholat-rusiya-natijae-nakhohad-dod-1065518801.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065349633_160:0:2891:2048_1920x0_80_0_0_e22e42744c55cb057737377f60e3820f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
артиш русия манотиқ пушкино весйлий гайро ҷмд озод
артиш русия манотиқ пушкино весйлий гайро ҷмд озод
Артиши Русия манотиқи Пушкино ва Весйлий Гайро дар ҶМД озод карданд
Дар маҷмӯъ, артиши Украина дар ду самт ҳудуди 700 сарбоз ва техникаи зиёдашро аз даст дод, шарҳ дод вазорати дифои Русия
ДУШАНБЕ, 15 дек – Sputnik. Давоми 24 соати охир низомиёни Русия ду маҳаллаи аҳолинишини Ҷумҳурии мардумии Донетскро озод карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Весёлий Гай дар ҶМД аз ҷониби нерӯҳои гуруҳи "Ҷанубӣ" озод карда шуданд.
Дар минтақаи амалиёти гурӯҳ, ҷузъу томҳои панҷ бригадаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар минтақаҳои Северск, Звановка, Дачное ва Курахово шикаст хӯрданд. Ду ҳуҷуми ҷавобӣ зада гардонда шуд.
Дар ин самт нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як рӯз то 400 нафар низомиён, як танк, ду мошини зиреҳпӯш, шаш мошин ва се тӯпхонаро талаф доданд.
Ҷанговарони гуруҳи Марказ барои озод кардани Пушкино масъул буданд.
"Қувваи корӣ ва техникаи ду бригадаи механиконидашуда, нерӯҳои пиёданизом, як бригадаи баҳрӣ ва як бригадаи ҳамлавари пулиси миллии Украина дар маҳалҳои аҳолинишини Дзержинск, Андреевка ва Шевченко торумор карда шуданд",- гуфта мешавад дар хабар.
Ҷанговарони "Марказ" дар давоми рӯз даҳ ҳуҷуми ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро зада гардонданд.
Дар тӯли 24 соат дар минтақаи амалиёти Марказ душман то 280 нафар низомиён, ду танк, ду мошини ҷангии пиёдагарди Брэдли ва як қатор техникаи дигар, аз ҷумла артиллерияро талаф дод.
Вазорати дифои Русия ҳамзамон хабар дод, ки дар тӯли 24 соат нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 400 нафар низомиён, як танк, ду мошини ҷангии пиёдагардро аз даст дод ва панҷ украинӣ дар самти Курск таслим шуданд.