Мишустин: Бахши логистикаи ИИАО ба ҳалли замонавӣ ниёз дорад

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр Михаил Мишустин провел заседание правительства РФ
Премьер-министр Михаил Мишустин провел заседание правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Обуна шудан
Кишварҳои ИИАО дар ҳоли ҳозир нақшаи маҷмӯӣ оид ба рушди долонҳои нақлиётии Авруосиёро якҷоя амалӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нақша доранд, ки ҳаҷми гардиши мусофирбарӣ ва боркашониро афзоиш диҳанд.
Дар ин бора Михаил Мишустин нахуствазири Русия дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё, ки дар Маскав баргузор шуд, изҳор дошт.
Барои ин, гуфт ӯ, дар бахши логистика карорҳои замонавиро пай дар пай ҷорӣ кардан лозим аст.
"Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори хатсайрҳои мавҷуда дар соҳаи логистикии мо қарорҳои замонавиро пайваста ҷорӣ кардан лозим аст ва мувофиқан он коре, ки амалӣ мегардад, ҳаҷми интиқоли мусофирон ва боркашонӣ зиёд карда мешавад", - гуфт ӯ.
Мишустин афзуд, ки Русия барои таъмини робитаи мутақобилаи кишварҳои ИИАО талош хоҳад кард.
Ҳадафи муштараки "панҷгона" (Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон) низ татбиқи нақшаи рушди долонҳои нақлиётии Авруосиё аст.
Доктор экономических наук, директор Института социально-экономических исследований Финансового университета при правительстве РФ Алексей Зубец - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Коршинос гуфт, ки Тоҷикистон бо ворид нашудан ба ИИАО ба кадом хавфҳо рӯ ба рӯ мешавад
Сарвари ҳукумати Русия изҳор дошт, ки ҳамкориҳои кишварҳои иттиҳодия сарфи назар аз чолишҳои беруна пайваста густариш меёбанд.
Ӯ хотиррасон кард, ки иттиҳодия ба наздикӣ даҳсолагии ташкил ёфтани худро ҷашн мегирад.
Мишустин изҳори итминон кард, ки кишварҳои ИИАО қодир ба пурра ба кор андохтани иқтидори ҳамгироии худ - таҳкими иқтисоди ҳар як ширкаткунанда ва беҳбуди зиндагӣ дар тамоми кишварҳои иттиҳод хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0