Як баробар гарон: чаро хатсайри қатори “Душанбе-Маскав” боз намешавад?

© Вазортаи нақлиёти ҶТҚатораи Тоҷикистони озими Русия
Қатораи Тоҷикистони озими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2024
Обуна шудан
Эксклюзив
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" сабабҳои аз сар нагирифтани ҳаракати қаторҳо то пойтахти Русияро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Тоҷикистон ба азсаргирии иртиботи роҳи оҳан миёни Маскав ва Душанбе манфиатдор нест.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" хабар дод.
Масъалаи ҳаракати қаторҳо дар масири Душанбе-Маскав, ки дар замони пандемияи коронавирус мамнӯъ буд, ҷониби Русия дар нишасти ахири вазирони нақлиёти кишварҳо матраҳ кардааст.
Ҳайати Русия пешниҳод кард, ки иртиботи роҳи оҳан аз Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ба Маскав аз сар гирифта шавад, вале Тоҷикистон аз ин идея пуштибонӣ накард.
Ҳисобҳо нишон доданд, ки ҳаракати қатораҳо дар ин хатсайрҳо фоидаовар нест, зеро қатораҳои кишварҳои дигар дар саросари Русия бо тарифҳои гуногун ҳаракат мекунанд.
Аз ин рӯ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Волгоград поён шуда, ба дигар шаҳрҳои Русия бо қаторҳои дохилӣ ҳаракат кунанд, харҷи роҳ арзонтар тамом мешавад.
“Агар шумо аз Душанбе ба Маскав тариқи қатор сафар кунед, харҷи роҳ тақрибан 260 долларро ташкил медиҳад, ки қариб ба нархи билети тайёра баробар аст. Албатта, тафовут дар навъҳои билет – пласкарту ҷойҳои канориву купе – вуҷуд дорад. Аммо сафар то Волгоград тариқи қатор 120 доллар тамом мешавад, яъне 140 доллар кам”, - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, дар Русия барои қаторҳои хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ҳаққи транзит ё хокпулӣ дар қиёс бо қаторҳои дохилӣ мутафовит аст.
“Таърифаҳои қаторҳои хориҷӣ дигар ва қаторҳои дохилӣ дигар аст. Аз ин хотир, барои мусофирони мо дар Волгоград аз қатор фаромада, аз он ҷо ба манзили мақсуд – Маскав, Санкт-Петербург, Қафқоз, Поволже, Сибир ва ғайра ҳаракат кардан мувофиқтар аст аз ин ки то Маскав сафар кунанд. Аз ин хотир, дар ҳоли ҳозир роҳандозии хатсайрҳо ба шаҳри Маскав имконнопазир аст”, - гуфт манбаъ.
Моҳи гузашта зимни мулоқоти Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия, ки дар ҳошияи Форуми байналмилалии XVIII "Нақлиёти Русия – 2024" дар шаҳри Москва, ки то 26 ноябр идома ёфт, масъалаи таҷдиди хатсайри "Душанбе–Москва" ба баррасӣ гирифта шуд.
Железнодорожные пути  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2024
“Бо роҳи оҳан”: Тоҷикистон дар масири Уқёнуси Ҳинд
Ҳаракати қатор дар масири Душанбе-Маскав ва дар умум аз Тоҷикистон ба Русия 17 марти соли 2020, замоне, ки таҳдидоте ба хотири шуъюи ҳамагирии вируси корона қатъ шуда буд. Ду сол пас моҳи августи соли 2022 ҳаракати қатор аз сар гирифта шуд, аммо на ба Маскав.
Тибқи иттилои Роҳи оҳани Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир се хатсайр - “Душанбе-Волгоград”, “Кӯлоб-Волгоград” ва “Хуҷанд-Волгоград” дар як ҳафта се бор аз Тоҷикистон ба Русия рафта меоянд.
Лентаи хабарҳо
0