Тоҷикистон дар соли 2025 қарзашро чӣ гуна пардохт мекунад?
Обуна шудан
Қарзи давлатии берунии кишвар ин маҷмӯи ӯҳдадориҳои пулӣ дар назди қарздиҳандагони хориҷӣ барои санаи муайян мебошад
Тоҷикистон дар соли 2025 ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ қарзи хориҷии худро пардохт хоҳад кард. Бештари ин маблағ, яъне 3 миллиард сомонӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мешавад.
1,4 миллиард сомонӣ бошад, аз хисоби даромад (бо назардошти уҳдадориҳои қарзи солҳои гузашта):
ҶСК "Барқи тоҷик" - 1,2 млрд сомонӣ;
КВД "Душанбебеводоканал" – 16 млн сомонӣ;
ҶСК "Тоҷиктрансгаз" - 6 млн сомонӣ;
ҶСК "Помир Энержӣ" - 10,2 млн сомонӣ;
ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" - 28,4 млн сомонӣ;
ҶСК "Ширкати Алюминийи Тоҷик" - 54,8 млн сомонӣ;
Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" - 47,8 млн. сомонӣ
Ҳамзамон, барои хизматрасонии қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ – 4,04 млрд. сомонӣ, аз он ҷумла:
пардохти фоизҳо аз рӯи қарзи дохилӣ – 72,7 млн сомонӣ;
пардохти қарзи асосии берунӣ – 3 млрд сомонӣ;
супоридани фоизи карзи асосии хориҷӣ — 971,8 млн сомонӣ.