Содироти 1 миллион тонна ғалла дар 10 моҳ аз Қазоқистон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Алексей Майшев / Гузариш ба медиабонкЗерно в цехе
Зерно в цехе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Қазоқистон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон воридкунандаи анъанавии ғалла ва орди Қазоқистон аст
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Қазоқистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба бозори Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна ғалла содир кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабл 11% бештар аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ин кишвар.
"Дар 10 моҳи соли 2024 ба Тоҷикистон беш аз 1 миллион тонна ғалла содир шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 11% (917,1 ҳазор тонна) зиёд аст", — қайд кардааст вазорати кишоварзии Қазоқистон.
Қайд карда шудааст, ки нахустин 20 тонна ғаллаи аз ҳосили нав ба кишвари ҳамсоя фиристода шудааст.
Дар чаҳорчӯби қарордоди содиротӣ ширкати "Корпоратсияи озуқаворӣ"-и Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки ба харидорони тоҷик 100 ҳазор тонна маҳсулот содирот намояд.
Уборка и переработка первого урожая картофеля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2024
БАОР: амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон метавонад бадтар шавад
“Содироти ҳосили нави ғалла аз моҳи сентябр то декабри соли ҷорӣ ба бозори Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51 фоиз афзуда, 489 ҳазор тоннаро ташкил дод. Истеъмолкунандаи анъанавии ғалла ва орди қазоқ сол аз сол афзоиш меёбад", - гуфта мешавад дар хабар.
Дар авоили моҳи декабр ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки дар моҳи ноябр кишвар 6,3 миллион тонна ғалла содирот кардааст, ки 2 миллиону 370 ҳазор тоннаашро ҳосили нав ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0