Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

“Мо барои музокира боз ҳастем”: Шарҳи Кремл дар бораи сулҳ дар Украина

© Sputnik / Сергей Бобылев / POOL / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков. Архивное фото
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2024
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури русия дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон бори дигар таъкид кард, ки Русия ба ҳадафҳояш дар амалиёти вижаи низомӣ дар Украина мерасад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Амалиёти вижаи низомӣ идома дорад ва ҳадафҳои он амалӣ хоҳанд шуд, гуфт сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков.
Песков ба хабарнигорон гуфт, ки Русия ҳамчунон барои музокирот дар бораи созиш бо Украина боз аст ва онро зарур мешуморад, аммо дар пайи оташбас нест, балки дар пайи сулҳи қстувор аст.
"Ин пас аз иҷрои шартҳои мо ва расидан ба ҳама ҳадафҳое, ки мо гузоштаем, анҷом мешавад", - гуфт Песков.
Вай афзуд, ки дар ҳол Русия амалиёти вижаи низомии худро идома медиҳад.

Амалиёти вижа дар Украина

Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Дональд Трамп выступает на предвыборном мероприятии 15 октября 2024 года в Атланте. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Трамп аз омодаги Украина барои музокира гуфт; вокуниши Маскав
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёт зодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ ширкат дар даргириҳо дар Украинаро расман рад мекунанд, аммо ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина силоҳ идома медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳар боре, ки дорои силоҳ барои Украина аст, ҳадафи қонунии Русия мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина “бо оташ бозӣ мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот дар сатҳи қонунгузорӣ мамнӯъ эълон кардааст.
Лентаи хабарҳо
0