https://sputnik.tj/20241213/dahho-rohi-nohiyai-sugd-sahmi-muhojiron-sohibkoron-mumfarsh-1065503896.html
Даҳҳо километр роҳи як ноҳияи субвенсионии Суғд бо саҳми муҳоҷирону соҳибкорон мумфарш шуд
Даҳҳо километр роҳи як ноҳияи субвенсионии Суғд бо саҳми муҳоҷирону соҳибкорон мумфарш шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аз ҳисоби маблағи муҳоҷирони Русия ва соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо километр роҳи ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич дар шимоли Тоҷикистон асфалтпуш шуд
2024-12-13T15:39+0500
2024-12-13T15:39+0500
2024-12-13T15:39+0500
дар тоҷикистон
суғд
роҳ
таъмир
мумфарш
соҳибкор
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_0:80:3072:1808_1920x0_80_0_0_c0aa438ff97e0800c4d85b69b152371f.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Деваштич соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 км таъмири куллии роҳҳо аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд.Тавре аз ҳукумати ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 46 км роҳҳо бо саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирон мумфарш шудааст, ки ин рақам ҳашт баробар ва ё 800 % бештар аз нақшаи тасдиқшуда аст.Насриддин Комилзода, муовини раиси ноҳияи Деваштич оид ба иқтисодиёт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мумфаршкунии роҳҳо дар ҳудуди якчанд ҷамоатҳо ба иҷро расонида шудааст.“Аз ҷумла дар ҷамоати Ваҳдат 17 км, Муҷун 16 км мумфаршкунии роҳҳо сурат гирифтааст, ки дар иҷрои ин корҳои ободонӣ саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ хеле бузург аст”, - таъкид намуд, Комилзода.Ин масъули ҳукумати ноҳия гуфт, ки ҳоло таъмири роҳҳо дар чанд деҳа ва ҷамоатҳои дигар аз ҷумла Росровут ва Исмоили Сомонӣ ҷараён дорад.Қарор аст то чанд вақти дигар ҳудуди 50 км роҳ дар деҳаи Метк, роҳи байни деҳаи Росровут – Қалъаи дӯст, роҳи миёни деҳаи Хӯҷаҳо – Чорбоғи шаҳри Истаравшан асфалтпуш шавад, ки барои чунин корҳои ободӣ муҳоҷирону соҳибкорон саҳмгузорӣ кардаистодаанд.Зимнан ин роҳҳо баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ бинобар таъмир нашудан, солҳо ба ин тараф харобу валангор аст ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор аст.Ноҳияи Деваштич ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Шаҳристон аз ноҳияҳои субвенсионии вилояти Суғд гуфта мешавад, ки беш аз 72 % и буҷааш аз ҳисоби маблағҳои субвенсионӣ таъмин мешавад.Бино ба маълумотҳои дарёфтӣ соли ҷорӣ ба ин ноҳия аз ҳукумати Суғд 98 млн. сомонӣ маблағи субвенсионӣ интиқол шудааст.
https://sputnik.tj/20240919/maqomot-tojikiston-roh-pul-naqb-va-rohi-ohan-sokhta-1064386315.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/0b/1052032027_205:0:2936:2048_1920x0_80_0_0_1ddd56547165f3be52ddd192bc9ad93e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, роҳ, таъмир, соҳибкор, муҳоҷирон,
тоҷикистон, суғд, роҳ, таъмир, соҳибкор, муҳоҷирон,
Даҳҳо километр роҳи як ноҳияи субвенсионии Суғд бо саҳми муҳоҷирону соҳибкорон мумфарш шуд
Аз ҳисоби маблағи муҳоҷирони Русия ва соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо километр роҳи ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич дар шимоли Тоҷикистон асфалтпуш шуд
ДУШАНБЕ, 13 дек – Sputnik. Дар ноҳияи Деваштич соли ҷорӣ ҳамагӣ 5 км таъмири куллии роҳҳо аз ҷониби ҳукумати ноҳия ва вилояти Суғд ба нақша гирифта шуда буд.
Тавре аз ҳукумати ноҳияи Деваштич иттилоъ доданд, давоми 11 моҳи соли ҷорӣ 46 км роҳҳо бо саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирон мумфарш шудааст, ки ин рақам ҳашт баробар ва ё 800 % бештар аз нақшаи тасдиқшуда аст.
Насриддин Комилзода, муовини раиси ноҳияи Деваштич оид ба иқтисодиёт ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мумфаршкунии роҳҳо дар ҳудуди якчанд ҷамоатҳо ба иҷро расонида шудааст.
“Аз ҷумла дар ҷамоати Ваҳдат 17 км, Муҷун 16 км мумфаршкунии роҳҳо сурат гирифтааст, ки дар иҷрои ин корҳои ободонӣ саҳми сокинон аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ хеле бузург аст”, - таъкид намуд, Комилзода.
Ин масъули ҳукумати ноҳия гуфт, ки ҳоло таъмири роҳҳо дар чанд деҳа ва ҷамоатҳои дигар аз ҷумла Росровут ва Исмоили Сомонӣ ҷараён дорад.
Қарор аст то чанд вақти дигар ҳудуди 50 км роҳ дар деҳаи Метк, роҳи байни деҳаи Росровут – Қалъаи дӯст, роҳи миёни деҳаи Хӯҷаҳо – Чорбоғи шаҳри Истаравшан асфалтпуш шавад, ки барои чунин корҳои ободӣ муҳоҷирону соҳибкорон саҳмгузорӣ кардаистодаанд.
Зимнан ин роҳҳо баъд аз пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ бинобар таъмир нашудан, солҳо ба ин тараф харобу валангор аст ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт душвор аст.
Ноҳияи Деваштич ба ҳисоби шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Конибодом, Исфара, Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Шаҳристон аз ноҳияҳои субвенсионии вилояти Суғд гуфта мешавад, ки беш аз 72 % и буҷааш аз ҳисоби маблағҳои субвенсионӣ таъмин мешавад.
Бино ба маълумотҳои дарёфтӣ соли ҷорӣ ба ин ноҳия аз ҳукумати Суғд 98 млн. сомонӣ маблағи субвенсионӣ интиқол шудааст.