Хатлон бо музофоти Хайбар-Пахтунхваи Покистон бародаршаҳр шуд

© Foto / Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМаҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон
Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Обуна шудан
Дар Исломобод масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодии Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, кишоварзӣ, энергетика, ва ғайра баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 ин нишондиҳанда ба 47,3 млн доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,5 млн доллар ё 3,3% афзоиш ёфтааст.
Тавре вазорати энергшетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст ин масъала дар шаҳри Исломободи Покистон дар ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.
Ҷаласа таҳти раёсати ҳамраисони комиссия –Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири федеролии энергетикаи Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ҳарду ҷониб баргузор шуд.
Дар ҷаласа масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, маълумоти олӣ, бонкдорӣ, илму технология, сайёҳӣ, сиёсати ҷавонон, варзиш, нақлиёт ва коммуникатсия мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.
Встреча Посла Таджикистана с Федеральным министром обороны Пакистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.09.2024
Аз энергетика то вазъи Афғонистон: Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири дифои Покистон
Ҳамзамон дар ин ҷаласа аҳамияти муҳими лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA -1000" барои рушди ҳамкории ҷумҳуриҳо дар соҳаи энергетика махсусан иброз гардид.
Қайд карда шуд, ки кори Комиссия дар рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон ва муносибатҳои судманди ҳарду ҷониб такони ҷиддӣ мебахшад.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки аз ҷониби ҳамраисон Протоколи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон ба имзо расонида шуд.
Дар доираи ҷаласа Ёддошти тафоҳум байни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи Покистон ва Ёддошти тафоҳум оид ба барқарорсозии муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни вилояти Хатлони Тоҷикистон ва музофоти Хайбар-Пахтунхваи Покистон ба имзо расиданд.
Лентаи хабарҳо
0