Ҷаласаи навбатии сарони ҳукумати ИДМ дар Душанбе баргузор мешавад?

Дворец нации в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2024
Обуна шудан
Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ахиран гуфт, ки имкон дорад ҷаласаи навбатии сарони ҳукумат дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардад
ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Пешниҳод шудааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, 30 майи соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шавад.
Дар ин бора дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев хабар дод.
"Пешниҳод шудааст, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод шудааст, ки 30 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Роҳбарияти Тоҷикистон розигии худро дар ин бора додааст", - гуфт ӯ зимни ифтитоҳи ҷаласа.
Мувофиқи ҷадвал муқарраршуда маҷлиси машваратии сардорони ҳукуматҳои давлатҳои ИДМ соле ду маротиба барпо мегардад. Мачлисҳои ғайринавбатӣ бо ташаббуси ҳукумати яке аз даавлатҳо ташкил карда мешавад.
Заседание межправительственного совета стран ЕАЭС и Совета глав правительств СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2024
Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Маскав ширкат мекунад
Ёдовар мешавем, ки 12 декабр дар шаҳри Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он масоили тақвияти ҳамкориҳо баррасӣ мешаванд.
Дар ин ҷаласа сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ дар Маскав масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳои муштаракулманофеъ дар заминаи таҳримҳои Ғарбро баррасӣ хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0