Шекеладзе: ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2027 заиф нестанд

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаГлавный тренер сборной Таджикистана Гела Шекиладзе
Главный тренер сборной Таджикистана Гела Шекиладзе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.12.2024
Обуна шудан
Аммо миёни мунтахабҳои Филлипин, Малдив ва Тимори Шарқӣ ӯ дастаи Филиппинро ҳарифи сарсахти мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё 2027 номбар кард
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, Гела Шекеладзе натоиҷи қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё- 2027- ро тавзеҳ дода, изҳор намуд, ки мунтахаби ҷумҳурӣ ҳарифони қавӣ дорад.
Бар асоси қуръакашӣ футболбозони тоҷик бо мунтахабҳои Филлипин, Малдив ва Тимори Шарқӣ мубориза мебаранд. Ба таъкиди сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, аз ҳар се ҳариф маҳз мунтахаби Филиппин сарсахт аст.
“Филиппин бозигарони зиёде аз чемпионатҳои Аврупо дорад. Умуман он барои тими миллии Тоҷикистон рақиби сарсахт аст, бозиҳо бо онҳо ҳамеша душвор буданд. Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019-ро метавонем ба ёд биёрем”,- гуфт ӯ.
Дар бораи мунтахаби Малдив гуфт, ки ин дастаро хуб мешиносад, зеро дар ин даста кор крда буд ва онҳо низ бад нестанд.
Ба таъкиди ӯ, мунтахаби Тимори Шарқӣ ба фарқ аз ду дастаи зикршуда онқадар қавӣ нест.
Бо вуҷуди ин, Шекеладзе таъкид намуд, ки ҳар як рақибро бояд эҳтиром кард.
Национальная сборная Таджикистана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Як қадам ба пеш: Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА тағйир ёфт
"Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад. Бозиҳо дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 осон нахоҳанд буд. Ба ҳар тим бояд бо эҳтиром муносибат кард ва ба ҳар рақобат бо тайёрии хуб рафт", - зикр намуд мутахассиси гурҷӣ.
Дар ҳамин ҳол, ФФТ хабар дод, ки бозии якуми мунтахаби Тоҷикистон бо дастаи Тимори Шарқӣ баргузор мегардад.
Ин бозӣ хонагӣ буда, 25 марти соли 2025 дар варзишгоҳи Душанбе баргузор хоҳад шуд.
Дар маҷмӯъ, даста дар чаҳорчӯби ин мусобиқа соли оянда 5 вохӯрӣ ва 1 вохӯрӣ дар соли 2026 баргузор хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0