https://sputnik.tj/20241210/nazdikon-muhojiron-ikhrojshuda-makon-budubosh-khabar-1065453490.html
ВКД Русия ба хешони муҳоҷирони ихроҷшаванда дар бораи макони будубоши онҳо хабар медиҳад
ВКД Русия ба хешони муҳоҷирони ихроҷшаванда дар бораи макони будубоши онҳо хабар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Минбаъд шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз роҳбари муассисаи махсуси нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ хоҳиш кунад, ки наздиконашро аз макони будубоши ӯ хабар кунад 10.12.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-12-10T15:59+0500
2024-12-10T15:59+0500
2024-12-10T15:59+0500
дар русия
муҳоҷират
вкд
ихроҷ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064593997_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_1a6091bd1e1c8366bc9e00cc50e2fee5.jpg
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи макони будубоши хориҷие, ки дар муассисаи махсус ҷойгир карда шудаанд, пеш аз ихроҷ аз Федератсияи Русия наздикони ӯро огоҳ мекунанд. Инчунин, ин маълумот ба намояндагии дипломатии давлате, ки муҳоҷир шаҳрвандони он аст, ба ҷои кору таҳсил ва ҳамчунин ба вакили дифои ӯ ирсол мешавад.Чунин тавзеҳот дар қарори нави ҳукумати Русия оварда шудааст, ки он дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст. Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ба роҳбари муассисаи махсус ва муовини ӯ чунин дархост пешниҳод кунад. Ҳуҷҷат мушаххас мекунад, ки агар шаҳрванди хориҷие, ки дар муассисаи махсус ҷойгир шудааст, ягона намояндаи қонунии кӯдак ё шахси ғайри қобили амал дар Русия бошад, вазорат дар бораи макони будубоши ӯ мақомоти васояту парасториро огоҳ мекунад. Қарор аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад. Ёдовар мешавем, ки аз 1 декабр дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дар ҳама гузаргоҳҳои минтақаи ҳавоии Маскав системаҳои нави назорати марзӣ ба кор шурӯъ карданд. Дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ворид шудан ба Федератсияи Русия изи ангушт ва акси чеҳраро пешниҳод мекунанд. Қоидаҳо инчунин ба гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург, яке аз долонҳои асосии нақлиётӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия дахл хоҳанд дошт.
https://sputnik.tj/20241208/vkd-tojikiston-muhojiron-taghyirot-qonunguzori-rusiya-khotirrason-1065414438.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/04/1064593997_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_504bce426a950bce6536e68c7107fe71.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар русия, муҳоҷират, вкд, ихроҷ
дар русия, муҳоҷират, вкд, ихроҷ
ВКД Русия ба хешони муҳоҷирони ихроҷшаванда дар бораи макони будубоши онҳо хабар медиҳад
Минбаъд шаҳрванди хориҷӣ метавонад аз роҳбари муассисаи махсуси нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ хоҳиш кунад, ки наздиконашро аз макони будубоши ӯ хабар кунад
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар бораи макони будубоши хориҷие, ки дар муассисаи махсус ҷойгир карда шудаанд, пеш аз ихроҷ аз Федератсияи Русия наздикони ӯро огоҳ мекунанд.
Инчунин, ин маълумот ба намояндагии дипломатии давлате, ки муҳоҷир шаҳрвандони он аст, ба ҷои кору таҳсил ва ҳамчунин ба вакили дифои ӯ ирсол мешавад.
Чунин тавзеҳот дар қарори нави ҳукумати Русия оварда шудааст, ки он дар портали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Шаҳрванди хориҷӣ метавонад ба роҳбари муассисаи махсус ва муовини ӯ чунин дархост пешниҳод кунад. Ҳуҷҷат мушаххас мекунад, ки агар шаҳрванди хориҷие, ки дар муассисаи махсус ҷойгир шудааст, ягона намояндаи қонунии кӯдак ё шахси ғайри қобили амал дар Русия бошад, вазорат дар бораи макони будубоши ӯ мақомоти васояту парасториро огоҳ мекунад.
Қарор аз 5 феврали соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 декабр дар тамоми фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ва дар ҳама гузаргоҳҳои минтақаи ҳавоии Маскав системаҳои нави назорати марзӣ ба кор шурӯъ карданд.
Дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав ва вилояти Маскав шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои ворид шудан ба Федератсияи Русия изи ангушт ва акси чеҳраро пешниҳод мекунанд.
Қоидаҳо инчунин ба гузаргоҳи автомобилии Маштаково дар вилояти Оренбург, яке аз долонҳои асосии нақлиётӣ аз Осиёи Марказӣ ба Русия дахл хоҳанд дошт.