https://sputnik.tj/20241209/zindon-jarimai-sangin-vkd-khlopushkafurushon-1065440665.html
Зиндон ё ҷаримаи сангин: ВКД гуфт “хлопушкафурӯшон”-ро чӣ ҷазо интизор аст
Зиндон ё ҷаримаи сангин: ВКД гуфт “хлопушкафурӯшон”-ро чӣ ҷазо интизор аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз тоҷирону шаҳвандон хоҳиш кардааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд
2024-12-09T17:59+0500
2024-12-09T17:59+0500
2024-12-09T17:59+0500
дар тоҷикистон
вкд
оташбозӣ
шаҳрвандон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102431/67/1024316783_0:156:3078:1887_1920x0_80_0_0_4d5a58cd246d4e5b8bbf607088a5de3c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар сомонаи худ ҳушдор додааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои пиратехникӣ дар кишвар мутобиқи талаботи қонунгузорӣ манъ аст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои пиратехникӣ ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад.Қайд карда шудааст, ки нисбати афроде, ки ба фурӯши чунин маводҳо машғуланд, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.“Мувофиқи моддаи мазкур нисбати чунин шахсон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад”, - қайд кардааст ВКД.Яъне тибқи қавонин шахсоне ки ба фурӯши маводҳои пиротехникӣ машғул мешаванд аз 7500 сомонӣ то 37, ҳазору 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.Ин ҳам дар ҳолест, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои дар фазои орому осоитша баргузор намудани ҷашни Соли нави мелодӣ, аз шаҳрвандон қатъиян талаб кардааст, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20241115/nigaronii-vkd-furushi-mashrubot-tamoku-nobolighon-1065124668.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102431/67/1024316783_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_b13844287ddaa61bbde5289a5fa67bb6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷарима, зиндон, вкд, холопушка, мавод, тарфгарӣ
тоҷикистон, ҷарима, зиндон, вкд, холопушка, мавод, тарфгарӣ
Зиндон ё ҷаримаи сангин: ВКД гуфт “хлопушкафурӯшон”-ро чӣ ҷазо интизор аст
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз тоҷирону шаҳвандон хоҳиш кардааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар сомонаи худ ҳушдор додааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои пиратехникӣ дар кишвар мутобиқи талаботи қонунгузорӣ манъ аст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои пиратехникӣ ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад.
Қайд карда шудааст, ки нисбати афроде, ки ба фурӯши чунин маводҳо машғуланд, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешаванд.
“Мувофиқи моддаи мазкур нисбати чунин шахсон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешавад”, - қайд кардааст ВКД.
Яъне тибқи қавонин шахсоне ки ба фурӯши маводҳои пиротехникӣ машғул мешаванд аз 7500 сомонӣ то 37, ҳазору 500 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои дар фазои орому осоитша баргузор намудани ҷашни Соли нави мелодӣ, аз шаҳрвандон қатъиян талаб кардааст, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодабарии маводҳои тарфгарӣ худдорӣ намоянд.