Ҳушдори вазорати нақлиёт ба ронандагон: Ағбаҳо метавонад хатарнок бошанд

Трасса Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2024
Обуна шудан
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳаракат дар ағбаҳои куҳӣ дар рӯзҳои бориши барф ва яхбандӣ метавонад хатарнок бошад
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ба сабаби боришоти барф дар кишвар дар роҳҳо ба амал омадани яхбандӣ ва меғ (туман) ногузир аст.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Вазорати нақлиёт ҳушдор додааст, ки дар рӯзҳои бориши барф ва яхбандӣ ҳаракат дар ағбаҳо метавонад хатарнок бошад ва андешидани тадбирҳои махсусро тақозо менамояд.
Вазорат аз ронандагони ҳама намудҳои нақлиёт даъват мекунад, ки ба сафар дар роҳҳои кӯҳӣ пешакӣ омода шаванд.
“Чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд, инчунин дар мошин занҷирҳои автомобилии зидди лағжиш ва бел барои таъмини бехатарӣ дар қитъаҳои баландкӯҳ дошта бошанд”, таъкид кардааст вазорат.
Тавре Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ хабар медиҳад, моҳи декабр дар кишвар рӯзу шабҳои сард бо тағйирёбии ҳарорат ва аз меъёр 1 дараҷа паст фаромадани он пешгӯӣ мешавад. Дар баъзе минтақаҳо барфи зиёд меборад ва шамоли сахт (то 17-23 м/с) мевазад. Лиҳозо, дар роҳҳо метавонад яхбандӣ ва меғ (туман) ба вуҷуд ояд.
Прохожие во время снегопада. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2024
Ҳушдори КҲФ аз сарди ва боришоти барфу борон дар рӯзҳои истироҳат
Ҳарорати ҳаво аз 1-13 дараҷа гармӣ то 1-14 дараҷаи хунукӣ тағйир меёбад, дар қисми шарқии ВМКБ он метавонад то 36-38 дараҷа паст шавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли равон Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки омодагии роҳҳои кишвар ва муассисаҳои нигоҳдории роҳҳо ба мавсими зимистон санҷида шавад.
Вай таъкид кард, ки ҳолати роҳҳо, пулҳо ва омодагии техника ва таҷҳизоти махсус бояд мавриди санҷиш қарор дода шавад.
Бо ин мақсад бо фармоиши Вазир Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба он муовинони вазир ва роҳбарони зерсохторҳо ва корхонаю муассисаҳои тобеи вазорат шомил шуданд. Гурӯҳро муовини аввали Вазири нақлиёт Раҳим Бобозода роҳбарӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0