https://sputnik.tj/20241208/tojikiston-taminkunanda-asosi-surma-jahon-nazar-korshinos-1065422040.html
Оё Тоҷикистон метавонад таъминкунандаи асосии сурма дар ҷаҳон шавад? Назари коршинос
Оё Тоҷикистон метавонад таъминкунандаи асосии сурма дар ҷаҳон шавад? Назари коршинос
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурӣ танҳо дар 9 моҳи соли 2024 ба беш аз 4,3 ҳазор тонна маъдан ва сурма содир кард, ки ин ба кишвар имкон медиҳад, ки дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол намояд
2024-12-08T17:40+0500
2024-12-08T17:40+0500
2024-12-08T17:40+0500
дар тоҷикистон
дар ҷустуҷӯи сурма
иқтисод
видео
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/08/1065421872_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_30ba6838548399efe6d08e4676d007d1.jpg
Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар маъдан ва сурма содир кардааст. Дар зарфи 9 моҳ ин рақам беш аз 4,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.Бузургтарин тавлидкунандагони сурма дар соли 2023 Чин ва Тоҷикистон буданд, хабар медиҳад Хадамоти геологии ИМА. Солҳои охир тавлиди нимметалл дар Чин коҳиш ёфт ва дар соли 2024 Пекин содироти сурмаро комилан маҳдуд кард. Маҳз маҳдудиятҳои содироти Чин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар истеҳсоли сурма пешсафи ҷаҳон шавад, гуфт Фаридун Усмонов, сардабири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.Дар ҳамин ҳол, Усмонов қайд кард, ки дар Тоҷикистон то ҳол бозори коркарди сурма ва имкони коркард вуҷуд надорад, аз ин лиҳоз ҳоло он танҳо як манбаи хоми содиротӣ барои ҷумҳурӣ аст.Тоҷикистон аз рӯи захираи сурма дар ҷаҳон дар ҷои дувум қарор дорадОё ҷумҳурӣ метавонад дар арсаи ҷаҳон ба яке аз содиркунандагони асосии сурма табдил ёбад? Чаро ин ашёи хомро ин қадар қадр мекунанд ва аз он чӣ ҳосил мешавад? Ба ин ва дигар саволҳо дар видеои мо ҷавоб ёбед.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/08/1065421872_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2dddbefbf5a69d50a0c0d31c045c10eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон таъминкунанда сурма ҷаҳон коршинос
тоҷикистон таъминкунанда сурма ҷаҳон коршинос
Оё Тоҷикистон метавонад таъминкунандаи асосии сурма дар ҷаҳон шавад? Назари коршинос
Ҷумҳурӣ танҳо дар 9 моҳи соли 2024 ба беш аз 4,3 ҳазор тонна маъдан ва сурма содир кард, ки ин ба кишвар имкон медиҳад, ки дар ҷаҳон мавқеи пешсафро ишғол намояд
Тоҷикистон ба маблағи 14 млн доллар маъдан ва сурма содир кардааст. Дар зарфи 9 моҳ ин рақам беш аз 4,3 ҳазор тоннаро ташкил дод, хабар медиҳад Хадамоти гумрук.
Бузургтарин тавлидкунандагони сурма дар соли 2023 Чин ва Тоҷикистон буданд, хабар медиҳад Хадамоти геологии ИМА.
Солҳои охир тавлиди нимметалл дар Чин коҳиш ёфт ва дар соли 2024 Пекин содироти сурмаро комилан маҳдуд кард.
Маҳз маҳдудиятҳои содироти Чин ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки дар истеҳсоли сурма пешсафи ҷаҳон шавад, гуфт Фаридун Усмонов, сардабири маҷаллаи “Иқтисодчӣ” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
“Чин дар ин соҳа амалан монополист аст. Ва даст кашидани он аз содирот, яъне коҳиши нишондодҳои содиротиаш, маҳдудиятҳо, мутаносибан, ба таври ғайричашмдошт, Тоҷикистонро барои он кишварҳое, ки ба харидани сурма манфиатдор ҳастанд, ба таври ғайричашмдошт мариди назар қарор дод", - қайд кард коршинос.
Дар ҳамин ҳол, Усмонов қайд кард, ки дар Тоҷикистон то ҳол бозори коркарди сурма ва имкони коркард вуҷуд надорад, аз ин лиҳоз ҳоло он танҳо як манбаи хоми содиротӣ барои ҷумҳурӣ аст.
Оё ҷумҳурӣ метавонад дар арсаи ҷаҳон ба яке аз содиркунандагони асосии сурма табдил ёбад? Чаро ин ашёи хомро ин қадар қадр мекунанд ва аз он чӣ ҳосил мешавад? Ба ин ва дигар саволҳо дар видеои мо ҷавоб ёбед.