https://sputnik.tj/20241207/tojikiston-qirghiziston-tavsif-loiha-marzi-anjom-1065410467.html
Тоҷикистону Қирғизистон тавсифи лоиҳаи хатти марзиро ба анҷом расонданд
Тоҷикистону Қирғизистон тавсифи лоиҳаи хатти марзиро ба анҷом расонданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар давоми ҳафт рӯз ҳайати намояндагони ду кишвар бештар корҳо сари гузариши хаттӣ марзӣ миёни давлатҳоро дақиқ кардаанд
2024-12-07T15:21+0500
2024-12-07T15:21+0500
2024-12-07T15:25+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
таъини хутути марз
баҳси марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065279326_0:185:2713:1711_1920x0_80_0_0_8000111282fa602621433b2a4550ab27.jpg
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти КДАМ Тоҷикистон гузориш медиҳад.Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи як ҳафта дар вилояти Бодканд баргузор шуд.КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати намояндагони ду ҷонибро нашр накардааст.Танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва ҷамъбасти он Протоколи дахлдор ба имзо расид.Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.Сарҳади Тоҷикистону ҚирғизистонЁдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қаблан садҳо километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашуда буд.Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ба он сарҳадбонони ду кишвар ҷалб мешаванд.Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи муаянкунӣ ва аломатгузории марзро баррасӣ карданд.Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар қаламрави ҳар ду ҷумхурӣ баргузор мегарданд.Чанде пеш мақомоти ду кишвар эълон карда буд, ки беш аз 90% ё қариб 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо таъкид карда буданд, ки корҳоро дар ин самт дар ояндаи наздик пурра ба анҷом хоҳад расид.
https://sputnik.tj/20241204/masalai-marzi-tojikiston-qirghitziston-hal-shud-1065368579.html
https://sputnik.tj/20240527/rahmon-tojikiston-mukolama-hamkori-qirghiziston-manfiatdor-1062990108.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065279326_0:7:2713:2042_1920x0_80_0_0_381d90460826e53717191b7d7066cb9c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон қирғизистон тавсиф лоиҳа марз
тоҷикистон қирғизистон тавсиф лоиҳа марз
Тоҷикистону Қирғизистон тавсифи лоиҳаи хатти марзиро ба анҷом расонданд
15:21 07.12.2024 (Навсозишуда: 15:25 07.12.2024) Дар давоми ҳафт рӯз ҳайати намояндагони ду кишвар бештар корҳо сари гузариши хаттӣ марзӣ миёни давлатҳоро дақиқ кардаанд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври нави музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти КДАМ Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти гурӯҳҳои кории кишварҳо тайи як ҳафта дар вилояти Бодканд баргузор шуд.
"Ҷонибҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба анҷом расониданд",- афзудааст манбаъ.
КДАМ ҷузъиёти бештар аз машварати намояндагони ду ҷонибро нашр накардааст.
Танҳо зикр менамояд, ки ин дидор дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт ва ҷамъбасти он Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 4 декабр дар шаҳри Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расида, тавсифи қитъаҳои боқимондаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро пурра ба анҷом расониданд.
Ҳамзамон ба гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон супориш дода шуд, ки ба раванди таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоии делимитатсия шуруъ намоянд.
Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд. Дар ҳамин ҳол, қаблан садҳо километри хати марз муайян ё аломатгузорӣ нашуда буд.
Ин вазъ пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба вуҷуд омад, ҷонибҳо наметавонанд дар мавриди моликияти даҳҳо қитъаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд. Ҳудуди муайяннашуда ба минтақаи низоъҳои байни аҳолии маҳаллӣ табдил ёфта, ба он сарҳадбонони ду кишвар ҷалб мешаванд.
Охирин муноқишаи бузург 16 сентябри соли 2022 рух дод, ки дар натиҷаи он аз ҳарду ҷониб садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд ва ба инфрасохтори манотиқи марзии вилоятҳои Суғду Бодканд хисороти зиёди моддӣ расонида шуд.
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров борҳо масъалаи муаянкунӣ ва аломатгузории марзро баррасӣ карданд.
Вазъ дар манотиқи баҳсбарангезро Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ таҳти назорати ҷиддӣ қарор додааст.
Тайи чанд соли охир мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли ин масъала ба таври фаъол гуфтушунид доранд. Вохуриҳо бо навбат дар қаламрави ҳар ду ҷумхурӣ баргузор мегарданд.
Чанде пеш мақомоти ду кишвар эълон карда буд, ки беш аз 90% ё қариб 875 километри хатти сарҳадӣ аз ҷониби давлатҳо муайян ва эътироф шудааст. Тарафҳо таъкид карда буданд, ки корҳоро дар ин самт дар ояндаи наздик пурра ба анҷом хоҳад расид.