https://sputnik.tj/20241207/rusiya-arzish-yagona-imtihon-zabon-rusi-muhojiron-muqarrar-1065409974.html
Дар Русия арзиши ягонаи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон муқаррар шуд
Дар Русия арзиши ягонаи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон муқаррар шуд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи санади имзокардаи сарвазири Михаил Мишустин, арзиши имтиҳонҳо дар тамоми гӯшаю канори Федератсияи Русия минбаъд ягона хоҳад буд
2024-12-07T12:58+0500
2024-12-07T12:58+0500
2024-12-07T12:58+0500
дар русия
муҳоҷират
муҳоҷирони корӣ
муҳоҷир
имтиҳон
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/37/1013563783_0:72:2939:1725_1920x0_80_0_0_396d58aed80b816367b3b0281e20e224.jpg
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия ба муҳоҷирон нархи ягона барои имтиҳонҳо аз фанни таърих ва забони русиро расман ҷорӣ кар. Қарори дахлдори ҳукумат аз ин хусус дар портали расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ интишор шудааст.Пештар, барои имтиҳонҳо хароҷоти ягона вуҷуд надошт, танҳо як маҳдудияти болоӣ муқаррар карда мешуд.Ҳаимн тариқ, нархи имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия 5900 рублро ташкил медиҳад (агар имтиҳон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат гирифта шавад). Агар барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент имтиҳон супорида шавад, арзиши он 3800 рублро ташкил медиҳад. Агар шумо имтиҳон барои гирифтани шаҳрвандии Русияро супоред, имтиҳони забони русӣ ва имтиҳон аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия ҳар кадом 2950 рубл арзиш дорад.Ёдовар мешавем, ки сар аз якуми майи соли ҷорӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ аз гузаронидани имтиҳони забони русии хориҷиён маҳрум шуданд.Ба асоси қарори Вазорати маориф ва илми Русия чунин ширкатҳоро дигар дар гузаронидани имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо роҳ надоданд.Аз он замон масъулияти гузаронидани имтиҳон бар дӯши донишгоҳҳои мушаххас гузошта шуд, ки дар ҳар як минтақа мавҷуданд.Ба гуфтаи Вазорати маориф ва илм, ҳоло барои гузаронидани имтиҳони забони русӣ ба унвони забони хориҷӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро 9 донишгоҳи тобеи Вазорати маориф ва илм, ду донишгоҳи давлатӣ, як донишгоҳи вазорати маориф ва як созмони ҳукумати Маскав ҳақ доранд.
https://sputnik.tj/20240602/muhojirone-imtihon-zabon-rusi-nokom-afzoish-1063064827.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101356/37/1013563783_38:0:2769:2048_1920x0_80_0_0_f0871e0456205f41eb7e1c329c894345.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия арзиш имтиҳон забон русӣ муҳоҷирон муқаррар
русия арзиш имтиҳон забон русӣ муҳоҷирон муқаррар
Дар Русия арзиши ягонаи имтиҳони забони русӣ барои муҳоҷирон муқаррар шуд
Тибқи санади имзокардаи сарвазири Михаил Мишустин, арзиши имтиҳонҳо дар тамоми гӯшаю канори Федератсияи Русия минбаъд ягона хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия ба муҳоҷирон нархи ягона барои имтиҳонҳо аз фанни таърих ва забони русиро расман ҷорӣ кар.
Қарори дахлдори ҳукумат аз ин хусус дар портали расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ интишор шудааст.
Пештар, барои имтиҳонҳо хароҷоти ягона вуҷуд надошт, танҳо як маҳдудияти болоӣ муқаррар карда мешуд.
Ҳаимн тариқ, нархи имтиҳон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия 5900 рублро ташкил медиҳад (агар имтиҳон барои гирифтани иҷозаи иқомати муваққатӣ ё иҷозатномаи иқомат гирифта шавад).
Агар барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент имтиҳон супорида шавад, арзиши он 3800 рублро ташкил медиҳад.
Агар шумо имтиҳон барои гирифтани шаҳрвандии Русияро супоред, имтиҳони забони русӣ ва имтиҳон аз таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории Русия ҳар кадом 2950 рубл арзиш дорад.
Ёдовар мешавем, ки сар аз якуми майи соли ҷорӣ ташкилотҳои тиҷоратӣ аз гузаронидани имтиҳони забони русии хориҷиён маҳрум шуданд.
Ба асоси қарори Вазорати маориф ва илми Русия чунин ширкатҳоро дигар дар гузаронидани имтиҳон ва додани шаҳодатномаҳо роҳ надоданд.
Аз он замон масъулияти гузаронидани имтиҳон бар дӯши донишгоҳҳои мушаххас гузошта шуд, ки дар ҳар як минтақа мавҷуданд.
Ба гуфтаи Вазорати маориф ва илм, ҳоло барои гузаронидани имтиҳони забони русӣ ба унвони забони хориҷӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро 9 донишгоҳи тобеи Вазорати маориф ва илм, ду донишгоҳи давлатӣ, як донишгоҳи вазорати маориф ва як созмони ҳукумати Маскав ҳақ доранд.