https://sputnik.tj/20241206/baor-rushdi-iqtisodii-tojikiston-balandtarin-avruosiyo-1065390374.html
БАОР рушди иқтисодии Тоҷикистонро баландтарин дар АвруОсиё арзёбӣ кардааст
БАОР рушди иқтисодии Тоҷикистонро баландтарин дар АвруОсиё арзёбӣ кардааст
Sputnik Тоҷикистон
Мутахассисони Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) боз як гузориши макроиқтисодиро нашр карданд. Тибқи таҳлилҳо, рушди иқтисоди Тоҷикистон идома дорад
2024-12-06T09:36+0500
2024-12-06T09:36+0500
2024-12-06T09:36+0500
дар тоҷикистон
баор
иқтисод
таҳлил
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/08/1065039841_0:100:1280:820_1920x0_80_0_0_20aed8297f6b84bd27261d859beada40.jpg
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) дар бораи рушди иқтисод пешгӯи кард.Ҳамин тариқ, тибқи пешгӯӣ макроиқтисодии БАОР Тоҷикистон дар соли 2025 рақамҳои баландтаринро нишон медиҳад.Аз Киргизистон низ ҳамин гуна нишондиҳандаҳои хуб интизоранд.Дар соли оянда афзоиши ММД дар кишварҳо чунин хоҳад буд:Бар асоси натиҷаҳои моҳҳои январ-сентябри соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 8,4% афзоиш ёфтааст.Ба афзоиши босуръати иқтисод рушди саноат мусоидат хоҳад кард.Саноати истихроҷи маъдан афзоиши аз ҳисоби афзоиши истихроҷи маъдан сатҳи баландтаринро нишон дод - 38,7% дар як сол.Инчунин соҳаҳоҳои мазкур рушд кардаанд:Таҳлилгарони БАОР дурнамои рушди иқтисодии худро бознигарӣ карда, онро 0,4 банди фоизӣ афзоиш дода - то 8,4% дар соли 2025 расонданд.Ба эътиқоди коршиносон, ин ба "болоравии қимати тилло ва дигар металлҳо, ки асоси содиротро ташкил медиҳанд, инчунин поин ба рафтани қимати манобеъи энержии воридотӣ ва маҳсулоти ғизоӣ" марбут аст.Маблағҳое, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти воридот озод карда мешаванд, метавонанд барои маблағгузории истеъмол ва сармоягузорӣ истифода шаванд, ки ин ба рушди иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад.Дар ҳамин ҳол, афзоиши ММД дар солҳои 2026-2027 тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт. Коҳиши тадриҷии рушди иқтисод дар Русия ба динамикаи саноати нассоҷӣ дар кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон низ каммешавад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/08/1065039841_38:0:1243:904_1920x0_80_0_0_dfd5ba707048566ccc90425b99c2bafd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баор, тоҷикистон, иқтисод, дурнамо, бонки авруосиёии рушд, таҳлил, гузориш, макроиқтисод
баор, тоҷикистон, иқтисод, дурнамо, бонки авруосиёии рушд, таҳлил, гузориш, макроиқтисод
БАОР рушди иқтисодии Тоҷикистонро баландтарин дар АвруОсиё арзёбӣ кардааст
Мутахассисони Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) боз як гузориши макроиқтисодиро нашр карданд. Тибқи таҳлилҳо, рушди иқтисоди Тоҷикистон идома дорад
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бонки АвруОсиёи Рушд (БАОР) дар бораи рушди иқтисод пешгӯи кард.
Ҳамин тариқ, тибқи пешгӯӣ макроиқтисодии БАОР Тоҷикистон дар соли 2025 рақамҳои баландтаринро нишон медиҳад.
Аз Киргизистон низ ҳамин гуна нишондиҳандаҳои хуб интизоранд.
Дар соли оянда афзоиши ММД дар кишварҳо чунин хоҳад буд:
Бар асоси натиҷаҳои моҳҳои январ-сентябри соли 2024 маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта 8,4% афзоиш ёфтааст.
Ба афзоиши босуръати иқтисод рушди саноат мусоидат хоҳад кард.
Саноати истихроҷи маъдан афзоиши аз ҳисоби афзоиши истихроҷи маъдан сатҳи баландтаринро нишон дод - 38,7% дар як сол.
Инчунин соҳаҳоҳои мазкур рушд кардаанд:
Саноати коркард — 8% дар сол,
саноати хурокворй — 5,0% дар сол,
металлургия — 12,6% дар сол,
истеҳсоли маҳсулоти маъданӣ 16,1% дар сол,
истеҳсоли барқ, гармӣва газ 2,3% дар сол.
Фуруши чакана ва маблаггузорӣ мутаносибан 13,3% ва 6% дар сол афзуд.
Таҳлилгарони БАОР дурнамои рушди иқтисодии худро бознигарӣ карда, онро 0,4 банди фоизӣ афзоиш дода - то 8,4% дар соли 2025 расонданд.
Ба эътиқоди коршиносон, ин ба "болоравии қимати тилло ва дигар металлҳо, ки асоси содиротро ташкил медиҳанд, инчунин поин ба рафтани қимати манобеъи энержии воридотӣ ва маҳсулоти ғизоӣ" марбут аст.
Маблағҳое, ки аз ҳисоби кам кардани хароҷоти воридот озод карда мешаванд, метавонанд барои маблағгузории истеъмол ва сармоягузорӣ истифода шаванд, ки ин ба рушди иқтисодӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дар ҳамин ҳол, афзоиши ММД дар солҳои 2026-2027 тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт. Коҳиши тадриҷии рушди иқтисод дар Русия ба динамикаи саноати нассоҷӣ дар кишварҳои минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Маблағҳои интиқолӣ ба Тоҷикистон низ каммешавад.