https://sputnik.tj/20241205/prokuraturai-generali-parvanda-fayzi-oliro-sharh-1065386559.html
“Ҷанг”-и вакили дифоъ бо додрас: Прокуратураи генералӣ парвандаи Файзи Олиро шарҳ дод
“Ҷанг”-и вакили дифоъ бо додрас: Прокуратураи генералӣ парвандаи Файзи Олиро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон расман ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудоферо дар сомонаи худ шарҳ дод
2024-12-05T17:59+0500
2024-12-05T17:59+0500
2024-12-05T17:59+0500
дар тоҷикистон
прокуратураи генералӣ
адвокат
вакили дифоъ
парванда
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060871602_0:128:1280:848_1920x0_80_0_0_b946d289d3f9870294df2ba48241439b.jpg
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олиро ба “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ нисбат ба прокурор” гунаҳкор донист.Додситонии кул ахиран дар хабарномае тасдиқ кард, ки Файзи Олӣ ба ин ниҳод, Шӯрои амният, Оҷонси мубориза бо фасод, ВКД ва Палатаи ҳисоб ба таври хатӣ муроҷиат кардааст. Аз ҷумла, дар бораи гуё 21 ҳазор сомонӣ гирифтани корманди Додситонӣ, 50 ҳазор сомонӣ гирифтани нозири Палатаи ҳисоб ва 20 ҳазор сомонӣ гирифтани вакили мудофеъ аз Шамсулло Ҳамроҳзода.Прокуратура қайд кардааст, ки ӯ дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст.Прокуратураи генералӣ таъкид кардааст, ки бинобар ин, нисбати Файзи Олӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан дар содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо банди "а" қисми 3 моддаи 346 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.Ба иттилои манбаъ, 3 октябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.Бо ҳукми суди мазкур Файзи Олӣ гунаҳгор эътироф шуда, нисбаташ ҷазо таъйин карда шудааст.Прокуратура қайд кардааст, ки тафсилоти бештар вобаста ба ин парвандаи ҷиноятӣ баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд пешниҳод карда мешавад.Шамсулло Ҳамроҳзода як масъули ширкати “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аст, ки моҳи марти соли 2024 ҳамроҳи ду ҳамкораш бо гуноҳи азхудкунии 4672,8 ҳазор сомонӣ зиндонӣ карда шудааст.Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 7 марти соли 2024 Шамсулло Ҳамроҳзода, дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, маҳкум карда шуд.Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.
https://sputnik.tj/20231019/jinoyat-tojikiston-kam-shud-1060049368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0d/1060871602_10:0:1147:853_1920x0_80_0_0_68ed595f0825ab97d9e29c3d82b20a47.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, прокуратураи генералӣ, ҷанг, адвокат, вакили дифоъ, прокурор
тоҷикистон, прокуратураи генералӣ, ҷанг, адвокат, вакили дифоъ, прокурор
“Ҷанг”-и вакили дифоъ бо додрас: Прокуратураи генералӣ парвандаи Файзи Олиро шарҳ дод
Додситонии кулли Тоҷикистон расман ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), вакили мудоферо дар сомонаи худ шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Файзи Олиро ба “дидаю дониста расондани хабари дурӯғ нисбат ба прокурор” гунаҳкор донист.
Додситонии кул ахиран дар хабарномае тасдиқ кард, ки Файзи Олӣ ба ин ниҳод, Шӯрои амният, Оҷонси мубориза бо фасод, ВКД ва Палатаи ҳисоб ба таври хатӣ муроҷиат кардааст. Аз ҷумла, дар бораи гуё 21 ҳазор сомонӣ гирифтани корманди Додситонӣ, 50 ҳазор сомонӣ гирифтани нозири Палатаи ҳисоб ва 20 ҳазор сомонӣ гирифтани вакили мудофеъ аз Шамсулло Ҳамроҳзода.
Прокуратура қайд кардааст, ки ӯ дидаю дониста хабари бардурӯғ расонидааст.
“Дар ҷараёни санҷиши гузаронидаи мақомоти марбута ваҷҳҳои ҳимоятгар Юлдошев Ф. тасдиқ наёфта, нисбати шахсони болозикр бинобар дар кирдорҳояшон набудани аломатҳои ҷиноят аз оғози парвандаи ҷиноятӣ асоснок рад карда шудааст”, - қайд кардааст прокуратура.
Прокуратураи генералӣ таъкид кардааст, ки бинобар ин, нисбати Файзи Олӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ бо гунаҳкор кардан дар содир намудани ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин бо банди "а" қисми 3 моддаи 346 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва ӯ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, 3 октябри соли 2024 парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.
Бо ҳукми суди мазкур Файзи Олӣ гунаҳгор эътироф шуда, нисбаташ ҷазо таъйин карда шудааст.
Прокуратура қайд кардааст, ки тафсилоти бештар вобаста ба ин парвандаи ҷиноятӣ баъди ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд пешниҳод карда мешавад.
Шамсулло Ҳамроҳзода як масъули ширкати “Маркази дастгирии суғуртаи мутақобила” аст, ки моҳи марти соли 2024 ҳамроҳи ду ҳамкораш бо гуноҳи азхудкунии 4672,8 ҳазор сомонӣ зиндонӣ карда шудааст.
Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 7 марти соли 2024 Шамсулло Ҳамроҳзода, дар содир намудани ҷинояти зикршуда гунаҳгор дониста, маҳкум карда шуд.
Файзи Олӣ дар гузашта дар чанд қазияи пурсарусадои додгоҳӣ, аз ҷумла боздошту ҳукми зиндони Саиднуриддин Шамсиддинов (судиҷрочии собиқ) ва марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами яки Душанбе ба ҳайси вакили мудофеъ баромад кардааст.