https://sputnik.tj/20241204/charo-shirkathoi-naqliyoti-tojikiston-kohish-sharhi-maqomot-1065359737.html
Чаро ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтанд?: Шарҳи мақомот
Чаро ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтанд?: Шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки баъзе ширкату корхонаҳо амалан фаъолият накардаанд. Аз ин рӯ, пас аз андешидани чораҳо, шумораи онҳо коҳиш ёфт
2024-12-04T09:36+0500
2024-12-04T09:36+0500
2024-12-04T09:36+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
ширкат
коҳиш
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065361509_261:347:2553:1636_1920x0_80_0_0_ac3a82716afffc59e4850d01f4d28b5a.jpg
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар айни замон дар соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар 211 корхона ва ҷамъиятҳое, ки бо иҷозатнома кор мекунанд, ба қайд гирифта шудаанд.Ба иттилои ин вазорат, аз ин шумора 64 адад боркашонӣ ва 70 ададашон мусофиркашонӣ мекунанд.Вазорат зикр кардааст, ки шумораи умумии ширкатҳои нақлиётӣ соли гузашта 228 ададро ташкил мекард.“Дар ҷараёни санҷиши нав муайян карда шуд, ки баъзе ширкату корхонаҳо амалан фаъолият накардаанд. Аз ин рӯ, пас аз андешидани чораҳо, шумораи онҳо то 211 адад коҳиш ёфт”, - таъкид кардааст вазорати нақлиёти кишвар.Ба иттилои манбаъ, аз ширкату корхонаҳои нақлиётии амалкунанда танҳо 121 (57%) ададашон заминаи моддӣ-техникии мувофиқ доранд.“Чунин вазъ боиси он мегардад, ки на ҳамаи ширкату корхонаҳо ба мизоҷон хизмати босифат ва муассир мерасонанд ва ба талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои интиқоли бор ва мусофирон ҷавобгӯ мебошанд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазорати нақлити кишвар то 1 ноябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки дар иқтисодиёт истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 22036 адад мошинҳои боркаш, 6316 адад - мусофирбар ва 20634 адад автомобилҳои сабукрав мебошанд.Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт 34 млн.461 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.
https://sputnik.tj/20241203/afzoishi-voridot-khudravho-barqi-dar-tojikiston-1065353927.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/03/1065361509_366:148:2467:1724_1920x0_80_0_0_83e8a05e2ce90c2129570bd4bb67845e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, нақлиёт, ширкатҳои нақлиётӣ, коҳиш, корхона, вазорати нақлиёт
тоҷикистон, нақлиёт, ширкатҳои нақлиётӣ, коҳиш, корхона, вазорати нақлиёт
Чаро ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтанд?: Шарҳи мақомот
Вазорати нақлиёти кишвар мегӯяд, ки баъзе ширкату корхонаҳо амалан фаъолият накардаанд. Аз ин рӯ, пас аз андешидани чораҳо, шумораи онҳо коҳиш ёфт
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати нақлиёти кишвар айни замон дар соҳаи нақлиёти автомобилии кишвар 211 корхона ва ҷамъиятҳое, ки бо иҷозатнома кор мекунанд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ба иттилои ин вазорат, аз ин шумора 64 адад боркашонӣ ва 70 ададашон мусофиркашонӣ мекунанд.
“Илова бар ин, 76 корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётӣ фаъолияти худро дар шакли омехта амалӣ месозанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Вазорат зикр кардааст, ки шумораи умумии ширкатҳои нақлиётӣ соли гузашта 228 ададро ташкил мекард.
“Дар ҷараёни санҷиши нав муайян карда шуд, ки баъзе ширкату корхонаҳо амалан фаъолият накардаанд. Аз ин рӯ, пас аз андешидани чораҳо, шумораи онҳо то 211 адад коҳиш ёфт”, - таъкид кардааст вазорати нақлиёти кишвар.
Ба иттилои манбаъ, аз ширкату корхонаҳои нақлиётии амалкунанда танҳо 121 (57%) ададашон заминаи моддӣ-техникии мувофиқ доранд.
“Чунин вазъ боиси он мегардад, ки на ҳамаи ширкату корхонаҳо ба мизоҷон хизмати босифат ва муассир мерасонанд ва ба талаботи қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла қоидаҳои интиқоли бор ва мусофирон ҷавобгӯ мебошанд”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Ёдовар мешавем, ки ба иттилои вазорати нақлити кишвар то 1 ноябри соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 48 ҳазору 989 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки дар иқтисодиёт истифода мешаванд, ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 22036 адад мошинҳои боркаш, 6316 адад - мусофирбар ва 20634 адад автомобилҳои сабукрав мебошанд.
Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилии системаи Вазорати нақлиёт 34 млн.461 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд аст.