Таъсири тағйирёбии иқлим ба пахтакорӣ: заҳмат зиёду ҳосил кам шудааст – видео

Обуна шудан
Пахтапарварони тоҷик мегуянд, бино ба таъсири чанд омил аз ин шуғли серзаҳмат фоидаи хуб ба даст оварда наметавонанд
Аз як су таъсири тағйирёбии иқлим ва аз суе дигар поёнравии қимати “тиллои сафед” дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз омилҳое гуфта мешавад, ки ба ҷайби пахтакорони тоҷик зарба задааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияи Мастчоҳ сафар кард ва сари замин бо пахтапарварон суҳбат намуд.
Тоҳирҷон Ҳақназаров, раиси хоҷагии деҳқонии “Искандар Т” дар ноҳияи Мастчоҳ мегуяд, бино ба таъсири боронҳои баҳорӣ соли ҷорӣ кишти пахта то як моҳ дер шуд.
“Ҳоло декабр, моҳи аввали фасли зимистон фаро расид, ғунучини ҳосил ҳанӯз ба охир расонида нашудааст, чун пахта дар майдон боқӣ мондааст.” – гуфт, ӯ.
Ин деҳқони пунбапарвар аз гармои шадиди тобистони имсол изҳор намуд, ки ба нумӯъи ниҳоли пахта таъсири амиқи манфӣ расонидааст.
Соли гузашта нуриҳо имсол об: кишоварзони Суғд мушкили парвариши пахтаро шарҳ доданд
Бино ба гуфти Ҳақназаров соли ҷорӣ аз гармои тобистон ниҳолҳои пахта дуруст тоб оварда натавониста хушк шуданд ва ба ин тартиб ҳаҷми ҳосил кам шудааст.
“Аз таъсири гармӣ пахта ҳосили аввалаашро партофт. Ҳоло агар ҳисоб кунем ҳосил 28 – 30 сентнер рос меояд, солҳои қаблӣ то 40 – 45 сентнерӣ ҳосил мегирифтем” – гуфт, раиси хоҷагии деҳқонӣ.
Бо вуҷуди заҳмати зиёду камбуди ҳосил, нархи пахта боло намеравад, изҳори нигаронӣ мекунанд, пахтакорони тоҷик.
Бино ба иттилоъи дарёфтӣ ҳоло коргоҳҳои коркард пахтаро бо нархи 6 – 7 сомонӣ қабул мекунанд.
Хатлон кишти пахтаро бештар мекунад
“Тасаввур кунед пахтае, ки бо ин нарх месупорем аз ин 2 сомониаш ҳақи чинакчиён аст, 3 ё 4 сомониаш мемонад, агар харҷи нуриҳои минерӣ, об, шудгор ва дигар корҳоро ҳисоб кунед, қариб, ки аз пахтакорӣ ҳеҷ нафъе нест” – изҳор намуд, яке аз пахтакорон дар ноҳияи Мастчоҳ.
Дар вилояти Суғд чанд сол ба ин тараф хоҷагиҳо дар майдони беш аз 75 ҳазор га пунбадона кишт мекунанд, то аз ин ҳисоб 150 ҳазор тон “тиллои сафед” ба даст оварда шавад. Аммо тавре дида мешавад, солҳои охир вазъи номусоиди обу ҳаво ба рушду нумуъи пахта таъсир расонида аз ин ҳисоб ҳосили дуруст ба даст оварда намешавад.
Дар Суғд наврасон ба кӯмаки пахтачинҳо баромаданд
Дар ҳамин ҳол баъзе аз коршиносони умури иқлимшиносӣ киштгардонкунии заминҳоро яке аз роҳҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва воситаи беҳтаргардонии ҳосили зироатҳо медонанд.
Лентаи хабарҳо
0