https://sputnik.tj/20241202/van-i-chin-tojikiston-muboriza-terrorizm-mintaqa-hamkori-1065342711.html
Ван И. Чин бо Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм дар минтақа ҳамкорӣ хоҳад кард
Ван И. Чин бо Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм дар минтақа ҳамкорӣ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири хориҷаи Чин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм тақвият бахшанд
2024-12-02T14:29+0500
2024-12-02T14:29+0500
2024-12-02T14:29+0500
чин
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
терроризм
ифротгароӣ
равобит
ван и
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118752_0:130:2889:1756_1920x0_80_0_0_1a574d21f844a644838734cc0f3d72b7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Чин ва Тоҷикистон дар минтақа алайҳи терроризм ва ифротгароӣ якҷоя мубориза хоҳанд бурд.Дар ин бора вазири хориыаи Чин Ван И хабар додааст."Мо якҷоя бо "се нерӯ" (терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм) мубориза мебарем, аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ пешгирӣ мекунем ва якҷоя дар минтақа монеаи мустаҳками амниятӣ эҷод хоҳем кард", - гуфт вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи бисёрҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ченгду.Вазири хориҷаи Чин ба зарурати амиқтар кардани равобити Чину Тоҷикистон дар заминаи инфрасохтор ва иртиботот ишора карда, ба аҳамияти “истифодаи зарфиятҳои ҳамлу нақли фаромарзӣ ва таҳқиқи имконоти густариши ҳамкориҳои сеҷониба” таъкид кард.Вай ҳамчунин зикр кард, ки Чин ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои омӯзишӣ, гардишгарӣ ва равобити байнишахсӣ тақвият диҳанд.Ван И ҳамчунин аз аҳамияти афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ёдовар шуд.Ба гуфтаи ӯ, Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад.Дипломати чинӣ афзуд, ки дар баробари ин зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва қувваҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ мусоидат намояд.Тавре Ванг И гуфт, Пекин аз талошҳои Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо пуштибонӣ мекунад."Мо шод хоҳем шуд, агар ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши бештаре дошта бошад", - хулоса кард вай.
https://sputnik.tj/20241202/vaziri-khorijai-tojikiston-voridi-mashhad-shud--1065341764.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/1c/1053118752_0:77:2628:2048_1920x0_80_0_0_dafe885aa7684424ee34377aaadaeafd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, тоҷикистон ҳамкорӣ, иқтисодӣ, мубориза терроризм, минтақа
чин, тоҷикистон ҳамкорӣ, иқтисодӣ, мубориза терроризм, минтақа
Ван И. Чин бо Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм дар минтақа ҳамкорӣ хоҳад кард
Вазири хориҷаи Чин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои мухталиф аз ҷумла мубориза бо терроризму экстремизм тақвият бахшанд
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Чин ва Тоҷикистон дар минтақа алайҳи терроризм ва ифротгароӣ якҷоя мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин бора вазири хориыаи Чин Ван И хабар додааст.
"Мо якҷоя бо "се нерӯ" (терроризм, ифротгароӣ ва сепаратизм) мубориза мебарем, аз паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ пешгирӣ мекунем ва якҷоя дар минтақа монеаи мустаҳками амниятӣ эҷод хоҳем кард", - гуфт вазири корҳои хориҷии Чин Ван И дар ҷаласаи бисёрҷониба бо вазирони корҳои хориҷии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар шаҳри Ченгду.
Вазири хориҷаи Чин ба зарурати амиқтар кардани равобити Чину Тоҷикистон дар заминаи инфрасохтор ва иртиботот ишора карда, ба аҳамияти “истифодаи зарфиятҳои ҳамлу нақли фаромарзӣ ва таҳқиқи имконоти густариши ҳамкориҳои сеҷониба” таъкид кард.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки Чин ва Тоҷикистон бояд ҳамкориҳоро дар бахшҳои омӯзишӣ, гардишгарӣ ва равобити байнишахсӣ тақвият диҳанд.
Ван И ҳамчунин аз аҳамияти афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар ёдовар шуд.
Ба гуфтаи ӯ, Чин омода аст аз Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ ворид кунад.
Дипломати чинӣ афзуд, ки дар баробари ин зарур аст, ки ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва қувваҳои нави истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ мусоидат намояд.
Тавре Ванг И гуфт, Пекин аз талошҳои Душанбе барои ҳифзи пиряхҳо пуштибонӣ мекунад.
"Мо шод хоҳем шуд, агар ҷониби Тоҷикистон дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нақши бештаре дошта бошад", - хулоса кард вай.