Муҳриддин: Фирдавсӣ шахсияте бо абъоди ҷаҳонӣ аст
© Foto / МИД ТаджикистанаСироджиддин Мухриддин принял участие в заседании Совета министров иностранных дел СНГ
© Foto / МИД Таджикистана
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Машҳад гуфт, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дорои шахсияте бо абъоди ҷаҳонӣ ва шинохта шуда барои фарҳанг дӯстон аст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин дар боздид аз оромгоҳи Фирдавсӣ дар Машҳад дар гуфтугӯ бо хабарнигорони афзуд, ки таърих, адабиёт ва фарҳанги ду кишвар Эрону Тоҷикистон дар бахшҳои зиёде муштарак аст ва дорои тамаддуни муштарак ҳастем.
Сироҷиддини Муҳридждин, ки дар ҳошия баргузории нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ба шаҳри Машҳади Эрон сафар кардааст идома дод, ки Ҳакими Абулқосими Фирдавсӣ, фарҳангу торихи азимро ба мо нишон медиҳад ва муаррифӣ мекунад.
Вазири умури хориҷа Тоҷикистон гуфт, ки тамаддуни форсизабонон дар ҳеҷ куҷои дунё вуҷуд надорад ва мунҳасир ба фардаст дар ҳоле, ки дар замони сароиши Шоҳнома тавассути Фирдавсӣ бархе аз кишварҳо асосан дар ҷуғрофиё вуҷуд надоштанд.
“Дар иҷлоси ЭКО бо вазири хориҷаи Эрон дар бораи тавсеаи равобити фарҳангӣ ва гардишгарӣ гуфтугӯ хоҳем кард то шароите барои тасҳили ҳузури мардуми Тоҷикистон дар Эрон ва ҳузури мардуми Эрон дар Тоҷикистон фароҳам шавад”, - афзуд Муҳриддин.
Дар ин боздид вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар дафтари ёдбуди оромгоҳи Фирдавсӣ ба хатти форсӣ ёддошт гузошт.
Вай навишт, ки ба ман саодати бузурги зиёрати мақбараи Фирдавсии бузургвор даст дод, ки худоро шукр мегуям. Фирдавсӣ худовандгори Шоҳнома аст. Ифтихору нозиши ҳамаи мардумони форсизабон аст. Вазифаи мост, ки Шоҳнома ва худовандгори онро пос бидорем.
“Ба ҳамаи посдорони мақбараи Фирдавсии изҳор ташаккур мекунам ва барояшони тандурустӣ ва тавфиқи рӯзафзун орзӯ дорам”, - таъкид кардааст Сироҷиддин Муҳриддин.
28-умин нишаст вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО), бо ҳузури 20 ҳайати хориҷӣ дар Машҳад баргузор мешавад.
ЭКО як созмони минтақаӣ маҳсуб мешавад, ки соли 1964 аз сӯии Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд ва аз соли 1992 бо пазириши ҳафт кишвари ҷадиди шомили Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, шумори аъзои он ба 10 кишвар афзоиш ёфт.
ЭКО як созмони минтақаӣ маҳсуб мешавад, ки соли 1964 аз сӯии Эрон, Покистон ва Туркия бо ҳадафи пешбурди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни кишварҳои узв таъсис шуд ва аз соли 1992 бо пазириши ҳафт кишвари ҷадиди шомили Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, шумори аъзои он ба 10 кишвар афзоиш ёфт.