https://sputnik.tj/20241130/tojikiston-rayosat-shuro-iqtisodi-idm-uhda-1065325227.html
Тоҷикистон раёсати Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро ба ӯҳда гирифт
Тоҷикистон раёсати Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро ба ӯҳда гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, Ҳоким Холиқзода аллакай ба ҳамкорони худ дар бораи нуктаҳои асосии консепсияи ояндаи соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ маълумот дод
2024-11-30T13:55+0500
2024-11-30T13:55+0500
2024-11-30T13:55+0500
дар тоҷикистон
идм
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_226:0:1204:550_1920x0_80_0_0_272020a76f3aabf693e7df13ac5f7b0d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тоҷикистон тайи як соли оянда раёсати Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда гирифт. Он аз соли 2025 оғоз хоҳад шуд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия. Гуфта мешавад, муовини якуми сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ нуктаҳои асосии Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии иттиҳодро дар марҳилаи навбатӣ дар соли 2025 муаррифӣ намуд.Дар зимн сарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи шуро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори ин созмон равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.Маврид ба зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад, ки ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи созмон ба муаррифии самтҳои афзалиятноки раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.Яке аз масъалаҳои асосӣ ба роҳ мондани муҳокимаи беҳтар намудани фаъолияти ин ташкилот хоҳад шуд. Кор барои инкишоф додани симои мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун иттиҳоди минтақавӣ давом дода мешавад. Дар давраи раёсати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
https://sputnik.tj/20241008/rayosat-dar-idm-uhdai-tojikiston-voguzor-meshavad-1064632448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/04/1032945747_348:0:1081:550_1920x0_80_0_0_bb6cbfc68c252310e96217f4d44ca901.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон раёсат шӯрои иқтисод идм ӯҳда
тоҷикистон раёсат шӯрои иқтисод идм ӯҳда
Тоҷикистон раёсати Шӯрои иқтисодии ИДМ-ро ба ӯҳда гирифт
Гуфта мешавад, Ҳоким Холиқзода аллакай ба ҳамкорони худ дар бораи нуктаҳои асосии консепсияи ояндаи соҳаи иҷтимоию иқтисодӣ маълумот дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Тоҷикистон тайи як соли оянда раёсати Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба уҳда гирифт.
Он аз соли 2025 оғоз хоҳад шуд, хабар медиҳад сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Гуфта мешавад, муовини якуми сарвазири кишвар Ҳоким Холиқзода дар ҷаласаи навбатии Шурои иқтисодии ИДМ нуктаҳои асосии Консепсияи Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои иҷтимоию иқтисодии иттиҳодро дар марҳилаи навбатӣ дар соли 2025 муаррифӣ намуд.
Дар зимн сарони ҳайатҳо тибқи рӯзномаи шуро масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ-ро мавриди муҳокима қарор дода, лоиҳаҳои санадҳоро, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳои иштирокдори ин созмон равона гардидаанд, баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 1 январи соли 2025 раёсати ИДМ ба Тоҷикистон мегузарад, ки ба ин муносибат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҷаласаи созмон ба муаррифии самтҳои афзалиятноки раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ба роҳ мондани муҳокимаи беҳтар намудани фаъолияти ин ташкилот хоҳад шуд.
Кор барои инкишоф додани симои мусбати ИДМ дар арсаи ҷаҳон ҳамчун иттиҳоди минтақавӣ давом дода мешавад.
Дар давраи раёсати ҷумҳурӣ ба рӯзномаи иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва таҷлили 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.