Парванда алайҳи ҷавони хидматгурез дар Тоҷикистон: ҷарима ва ё зиндон интизор аст

© Sputnik / Табылды Кадырбеков / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках.
Руки в наручниках. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Обуна шудан
Бар асоси моддаи маскур ин шаҳрвандро аз 36 то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду соли ҳукми зиндон интизор хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷискистон алайҳи ҷавони 26-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров барои саркашӣ аз хидмат парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ба иттилои ин ниҳод, мавсуф 30-юми июли соли 2024 аз комиссияи тиббии Комисариати ҳарбӣ гузашта, қобил ба хизмати ҳарбӣ дониста шудааст.
гуфта мешавад, ки муттаҳам даъватнома барои ба нуқтаи чамъшавӣ ҳозир шуданро гирифта, бе ягон сабаби узрнок бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашудааст.
Ҳамакнун бо моддаи 343 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз шуда, оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бар асоси моддаи маскур ин шаҳрвандро аз 36 то 72 ҳазор сомонӣ ҷарима ва то ду соли ҳукми зиндон интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин ҳодисаи аввали парвандакушоӣ алайҳи даъватшавандагон дар Тоҷикистон нест.
Церемония принятия присяги новобранцев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2024
Даъват ба артиш анҷом ёфт: Вазорат гуфт, сафи ихтиёрону фарзандони мансабдорон зиёд буд
Чанд рӯз қабл ин ниҳод алайҳи сокини 22 солаи ноҳияи Зафаробод низ барои саркаши аз хизмати аскарӣ парвандаи ҷиноятӣ боз карда буд.
Гуфта мешавад, ки мавсуф дар даъвати тирамоҳӣ бо баҳонаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ бе ягон сабабҳои узрнок ба Комиссириати ҳарбии ноҳияи Зафаробод ҳозир нашуда, ба Русия рафта, аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудааст.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон 1 октябр оғоз гардида, то охири ноябр давом хоҳад кард, аммо Вазортаи дифои кишвар хабар дод, ки нақшаи сарбозгирӣ то 16 ноябр пурра иҷро гардид.
Дар Тоҷикистон дар як сол ду маротиба: даъвати баҳорӣ ва тирмоҳии ҷавонон ба сафи артиш сурат мегирад.
Соли ҷорӣ дар даъвати баҳорӣ шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1997-2006 барои хидмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷалб мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0