https://sputnik.tj/20241129/khizmatrasonihoi-aloqaro-taqsim-kuned-1065313372.html
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
Sputnik Тоҷикистон
Фалсафаи истеъмоли боидрок – sharing (шеринг) акнун дар соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
2024-11-29T11:50+0500
2024-11-29T11:50+0500
2024-11-29T13:04+0500
мегафон-тоҷикистон
"мегафон"
алоқа
ахбори ширкатҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065312847_0:130:1200:805_1920x0_80_0_0_2c4f1f9e1456261c3e7deade2b75fc02.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Муштариёни тарофаи “Биё! Бисоз Life” акнун трафикро байни аъзои оилаи худ тақсим карда метавонанд. Функсияи нави ройгони “МегаОила” имкон медиҳад, ки дақиқаҳо, SMS ва гигабайтҳои интернет ба рақамҳои абонентии наздикон тақсим карда шаванд. Пайвасткунӣ танҳо тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир аст.“Биё! Бисоз Life” – тарофаи созандаи нодирест, ки дар он муштарӣ бастаи хизматрасониҳоро бо ҳаҷму арзиши зарурии худ ташкил менамояд. Акнун ҳангоми сохтани тарофа метавон на танҳо зарурату талаботи шахсии худ, балки инчунин манфиати наздиконро ҳам ба назар гирифт. Масалан, агар дақиқаҳо, SMS ё трафики интернети онҳо ба поён расанд, сардори оила метавонад онҳоро бо ҳаҷми хизматрасониҳое, ки худ муайян мекунад, таъмин намояд.Ба гурӯҳи оила то се рақамро метавон дохил намуд. Шарти зарурӣ – аҳли хонавода бояд ба тарофаи “Биё! Бисоз Life” бо бастаи минималии телеком-хизматрасониҳо пайваст бошанд. Меъёри ҳар як рақамро сардори оила дар замимаи “МегаФон Life” муқаррар менамояд. Ҳамин тавр, агар муштарӣ ба тарофаи иборат аз 200 дақиқа ба дигар шабакаҳо ва 60 Гб пайваст бошад ва дар рақами ҳамсараш ҳаҷми бастаи асосӣ ба поён расида бошад, ҳамсари ӯ метавонад, масалан, 30 дақиқаю 5 Гб “гирад”, писари донишҷӯ бошад, ки трафики интернетро барои хониш сарф кардааст, метавонад аз ҳаҷми умумии сардори оила 15 Гб дастрас намояд.Ҳаҷмҳои мушаххаси хизматрасониҳоро истифодабаранда вобаста ба талаботи наздикони худ интихоб менамояд. Онҳо тӯли тамоми муддати амали тарофа, яъне 30 шабонарӯз бетағйир боқӣ мемонанд. Сипас меъёрҳоро барои аъзои оила метавон тағйир дод. Масалан, метавон ба писар имкони “гирифтани” на 15, балки 20 Гб-ро пешниҳод намуд.Ҳамин тавр, бо функсияи нави ройгон сардори оила имкон пайдо мекунад, ки хароҷоти асосиро ба зиммаи худ гирифта, дар баробари ин саъй кунад, то наздикон ҳамеша дар алоқа бошанд. Ҳангоми ба поён расидани ҳаҷми бастаҳо аъзои оила имкон доранд, ки қисми муайянкардашудаи хизматрасониҳои бастаи сардори оиларо бигиранд.Бо функсияи “МегаОила” метавон аз 5 то 200 дақиқаи зангҳо ба дигар шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 то 300 SMS ва аз 1 Гб то 150 Гб трафики интернетро тақсим намуд. Ҳамаи зангҳо дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ройгон мебошанд.Пайвасткунии функсия барои истифодабарандагони тарофаи “Биё! Бисоз Life” дар саҳифаи асосии замимаи “МегаФон Life” дастрас мебошад. Муҳим он аст, ки замима то намунаи охирин нав карда шуда бошад. Бо пахши тугмаи “МегаОила” ва сипас интихоб намудани “Дохилкунии иштирокчӣ” муштарӣ аз як то се рақами аъзои оилаи худро дохил мекунад. Барои пайвасткунии автоматии функсияи ройгони “МегаОила” онҳоро зарур аст, ки даъватро барои воридшавӣ ба гурӯҳ қабул намоянд. Пас аз ин зарур меояд, ки дар ҳар рақами дохилкардашуда ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа, ки наздикон истифода хоҳанд бурд, қайд карда шавад.“МегаОила”-и қулайро ташкил намуда, тарофаро байни онҳое, ки дӯсташон медоред, тақсим кунед!
https://sputnik.tj/20240903/megafon-tojikiston-chi-tavr--kormandi-saodatmand-shuda-metavonem--1064176557.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065312847_37:0:1164:845_1920x0_80_0_0_6c30dbfe343391a0af62b7fd28c352d4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мегафон, тоҷикистон, алоқа, хизматрасонӣ, телекоммуникатсия
мегафон, тоҷикистон, алоқа, хизматрасонӣ, телекоммуникатсия
Хизматрасониҳои алоқаро тақсим кунед!
11:50 29.11.2024 (Навсозишуда: 13:04 29.11.2024) Ахбори ширкатҳо
Фалсафаи истеъмоли боидрок – sharing (шеринг) акнун дар соҳаи телекоммуникатсияи Тоҷикистон амалӣ карда шуд.
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Муштариёни тарофаи “Биё! Бисоз Life” акнун трафикро байни аъзои оилаи худ тақсим карда метавонанд. Функсияи нави ройгони “МегаОила” имкон медиҳад, ки дақиқаҳо, SMS ва гигабайтҳои интернет ба рақамҳои абонентии наздикон тақсим карда шаванд. Пайвасткунӣ танҳо тавассути замимаи мобилии “МегаФон Life” имконпазир аст.
“Биё! Бисоз Life” – тарофаи созандаи нодирест, ки дар он муштарӣ бастаи хизматрасониҳоро бо ҳаҷму арзиши зарурии худ ташкил менамояд. Акнун ҳангоми сохтани тарофа метавон на танҳо зарурату талаботи шахсии худ, балки инчунин манфиати наздиконро ҳам ба назар гирифт. Масалан, агар дақиқаҳо, SMS ё трафики интернети онҳо ба поён расанд, сардори оила метавонад онҳоро бо ҳаҷми хизматрасониҳое, ки худ муайян мекунад, таъмин намояд.
Ба гурӯҳи оила то се рақамро метавон дохил намуд. Шарти зарурӣ – аҳли хонавода бояд ба тарофаи “Биё! Бисоз Life” бо бастаи минималии телеком-хизматрасониҳо пайваст бошанд. Меъёри ҳар як рақамро сардори оила дар замимаи “МегаФон Life” муқаррар менамояд.
Ҳамин тавр, агар муштарӣ ба тарофаи иборат аз 200 дақиқа ба дигар шабакаҳо ва 60 Гб пайваст бошад ва дар рақами ҳамсараш ҳаҷми бастаи асосӣ ба поён расида бошад, ҳамсари ӯ метавонад, масалан, 30 дақиқаю 5 Гб “гирад”, писари донишҷӯ бошад, ки трафики интернетро барои хониш сарф кардааст, метавонад аз ҳаҷми умумии сардори оила 15 Гб дастрас намояд.
Ҳаҷмҳои мушаххаси хизматрасониҳоро истифодабаранда вобаста ба талаботи наздикони худ интихоб менамояд. Онҳо тӯли тамоми муддати амали тарофа, яъне 30 шабонарӯз бетағйир боқӣ мемонанд. Сипас меъёрҳоро барои аъзои оила метавон тағйир дод. Масалан, метавон ба писар имкони “гирифтани” на 15, балки 20 Гб-ро пешниҳод намуд.
Ҳамин тавр, бо функсияи нави ройгон сардори оила имкон пайдо мекунад, ки хароҷоти асосиро ба зиммаи худ гирифта, дар баробари ин саъй кунад, то наздикон ҳамеша дар алоқа бошанд. Ҳангоми ба поён расидани ҳаҷми бастаҳо аъзои оила имкон доранд, ки қисми муайянкардашудаи хизматрасониҳои бастаи сардори оиларо бигиранд.
Бо функсияи “МегаОила” метавон аз 5 то 200 дақиқаи зангҳо ба дигар шабакаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 то 300 SMS ва аз 1 Гб то 150 Гб трафики интернетро тақсим намуд. Ҳамаи зангҳо дар дохили шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” ройгон мебошанд.
Пайвасткунии функсия барои истифодабарандагони тарофаи “Биё! Бисоз Life” дар саҳифаи асосии замимаи “МегаФон Life” дастрас мебошад. Муҳим он аст, ки замима то намунаи охирин нав карда шуда бошад. Бо пахши тугмаи “МегаОила” ва сипас интихоб намудани “Дохилкунии иштирокчӣ” муштарӣ аз як то се рақами аъзои оилаи худро дохил мекунад.
Барои пайвасткунии автоматии функсияи ройгони “МегаОила” онҳоро зарур аст, ки даъватро барои воридшавӣ ба гурӯҳ қабул намоянд. Пас аз ин зарур меояд, ки дар ҳар рақами дохилкардашуда ҳаҷми хизматрасониҳои алоқа, ки наздикон истифода хоҳанд бурд, қайд карда шавад.
“МегаОила”-и қулайро ташкил намуда, тарофаро байни онҳое, ки дӯсташон медоред, тақсим кунед!