Раҳмон вориди Остона шуд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон прибыл в Астану для участия в саммите ОДКБ
Эмомали Рахмон прибыл в Астану для участия в саммите ОДКБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.11.2024
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СПАД ба шаҳри Остона сафар намуд
ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони паймони амнияти дастаҷамъи (СПАД) вориди Остона шуд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Нурсултон Назарбоев Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Қазоқистон Олжас Бектенов ва дигар намояндагони воломақом гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шурои амнияти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Дар ҷаласаи СПАД қарор аст дурнамои рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони дифоъ ва Кумитаи котибони шӯроҳои амният ва ҳамчунин ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД баргузор мешавад.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2024
Аз нақши СҲШ то масъалаи амнияти Афғонистон: Раҳмон дар нишасти Остона аз чӣ гуфт?
Дар ҷаласа дар бораи вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъӣ табодули афкор сурат мегирад ва баррасии натиҷаҳои ҳамкорӣ дар доираи СПАД ва дурнамои рушди минбаъдаи низоми амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ мегардад.
Инчунин дар ин ҷаласа ба масъалаи омодагӣ ба таҷлили муштараки 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба СПАД Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0