Талафоти артиши Украина дар Курск ба 36 ҳазор расид

© AP / Andrii MarienkoВоеннослужащие 3-ей бригады ВСУ "Спартан" принимают участие в учениях по тактической медицине в Харьковской области
Военнослужащие 3-ей бригады ВСУ Спартан принимают участие в учениях по тактической медицине в Харьковской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Обуна шудан
Ба гузориши Вазорати дифоъ, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 36 ҳазору 10 сарбози худро аз даст доданд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Воҳидҳои низомии Русия дар манотиқи марзии вилояти Курск дар як рӯз беш аз 250 ҷангии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд.
Дар ин бора дар гузориши Вазорати мудофиаи Русия аз вазъ дар минтақаи Курск хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, артиши Украина ҳамзамон ду тонк, мошини ҷангии пиёданизом, як мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, ҳамчунин се худрави низомӣ ва се миномёт талаф дод.
"Дар давоми рӯз талафоти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина беш аз 250 нафар низомиён, 2 танк, мошини ҷангии пиёда, мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ташкил додааст", - омадааст дар хабарнома.
Дар ҳамин ҳол, Киев 223 танк, 157 худрави ҷангии пиёданизом, 122 нафарбари зиреҳпӯш, 1199 зиреҳпӯш, 1038 мошин, 304 тӯпхонаро талаф дод.
Подбитая американская бронемашина MaxxPro на въезде в Селидово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Наришкин: Ғарб дар низоъ дар Украина ноком мешаванд
Ҳамзамон душман дар ин самт, 40 системаи мушакӣ, аз ҷумла 11 HIMARS ва 6 MLRS истеҳсоли ИМА, 13 системаҳои зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 7 мошини борбардор, 70 истгоҳи ҷанги электронӣ, ва ғайраро аз даст дод.
Ба гузориши ин ниҳод, режими Киев дар тӯли тамоми набардҳо дар ин самт беш аз 36010 сарбози худро аз даст доданд.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", - таъкид мешавад дар паёми вазорат
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Военнослужащие реактивной артиллерийской батареи РСЗО БМ-21 Град в зоне проведения СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2024
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия як гурӯҳи нерӯҳои украиниро дар вилояти Курск комилан нобуд карданд
Чанде пеш Владимир Путин таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.
Лентаи хабарҳо
0