Дар Русия барои фарзандони муҳоҷирон Марказҳои омузиши забони русӣ мекушоянд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкОбучение детей мигрантов в Москве
Обучение детей мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Обуна шудан
Марказҳои махсус барои фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ таъсис мешавад то онҳо дар онҷо забони русиро омӯзанд ва барои қабул ба мактабҳои русӣ омода шаванд
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Дар Русия қарор аст, марказҳои омӯзиши забони русӣ таъсис дода шавад, ки дар онҳо фарзандони муҳоҷирон таҳсил хоҳанд кард.
Татбиқи лоиҳа шояд 2-3 сол тӯл кашад, гуфт вазири маорифи Русия Сергей Кравтсов зимни мулоқот бо донишҷӯёни Донишкадаи якуми Академияи ВАО-и Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов.
Ин мраказҳо ба фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ барои ба мактабҳои русӣ дохил шуданашон забони русиро меомӯзонанд.
Вазир қайд кард, ки марказҳоро аз ҷумла дар заминаи донишгоҳҳои омӯзгорӣ ташкил кардан мумкин аст.
"Бале, ташкили чунин марказҳо ба нақша гирифта шудаанд. Гуфтан душвор аст, ки кай аммо мо бояд тасмими ниҳоии қонунро интизор шавем (...) Ин масъала шояд дар давоми ду-се рӯз мавриди омӯзиш қарор гирад. Албатта, барои омузиши забони русӣ чунин марказҳои ёрирасони ҳатмист, аз чумла онҳо бояд дар заминаи донишкадаҳои омӯзгории мо ташкил карда шаванд” — гуфт Кравтсов.
Андрей Костин, Председатель правления Банка ВТБ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.11.2024
Раиси ВТБ: Иқтисоди Русия бидуни муҳоҷирон “нафасгир” мешавад
Ба гуфтаи вазири рус ба нақша гирифта шудааст, ки таъсиси чунин марказҳо пас аз қабули қонуни дахлдор оғоз карда шавад.
Қаблан Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ гуфта буд, ки парлумон дар ҷаласаи пленарии рӯзи 10-уми декабр метавонад тарҳи қонунеро баррасӣ кунад, ки фарогирии кӯдакони муҳоҷирро, ки забони русиро намедонанд, дар мактабҳои русӣ манъ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0